ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Ҳайати тими миллии крикети Афғонистон, ки бо ҳамоҳангии сафорати Қатар аз тариқи парвози тахлияи наҷот бо ҳамоҳангии сафорати Қатар ба ин кишвар сафар карда буданду ҳамакнун низ дар бораи сафар ба Австролиё ва Ҷоми ҷаҳонии бисти АвруАвстралиё-2021 дар АМА қарор доранд, қасди бозгашт ба Афғонистонро надоранд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ҳамин ҳол бархе аз ин шаҳрвандони Афғонистон дар лигаҳои олии кишварҳои хориҷӣ бозӣ ва баъзеҳо барои истиқомат дар бархе аз кишварҳои хориҷӣ дархост хоҳанд кард.
Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки сафари тими миллии футболи то 23-солаи ин кишвар барои ширкат дар бозиҳои то 23-солаи Осиё то ҳол дар ҳолати норӯшанӣ қарор дорад.
Ёдрас менамоем, ки пас аз ба сари қудрат омадани гурӯҳи “Толибон” (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) ҳазорҳо нафар аз шаҳрвандони Афғонистон кишварашонро тавассути ҳавопаймоҳои кишварҳои хориҷӣ тарк карданд.