Амрико дар нишасти Маскав дар бораи Афғонистон ширкат намекунад

Амрико ба далели мушкилоти логистикӣ наметавонад дар нишасти Маскав доир ба Афғонистон ширкат кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии ИМА эълон кард, ки ба далели мушкилоти логистикӣ наметавонад дар нишасти Маскав дар бораи Афғонистон ширкат кунад, хабар додааст Sputnik Афғонистон.
"Мо дар нишасти Маскав ва "сегонаи васеъшуда" ширкат нахоҳем кард, ин як формати созанда ва муассир аст. Бесаброна интизори кор дар ин формат ҳастем, аммо ин ҳафта дар мавқеияте нестем, ки ширкат кунем", - гуфтааст Вазорати корҳои хориҷии ИМА.
Ин ниҳод афзуд, ки ширкат дар ин ҳафта барои Иёлоти Муттаҳида аз лиҳози моддӣ душвор аст.
Вазорати хориҷаи Амрико ҳамзамон таъкид кардааст, ки кишвараш аз ин раванд пуштибонӣ ва дар оянда дар он ширкат мекунад.
Оё намояндагони Ҷабҳаи муқовимат ба Маскав даъват шудаанд? Посухи Кобулов
Ёдовар мешавем, фардо, 20 октябр дар Масвак нишасте марбут ба вазъи Афғонистон баргузор мешавад, ки намояндаҳои "Толибон"* дар он ширкат хоҳанд кард.
Ахиран хабар дода шуд, ки Абдусалом Ҳанафӣ, ноиби раиси ҳукумати "Толибон"* дар садри як ҳайати ин созмони мамнуъ дар ҳамоиши Маскав дар мавзӯи Афғонистон иштирок хоҳад кард.
Инъоммулоҳ Самангонӣ, узви комиссияи "Толибон"* дар умури фарҳанг низ изҳор доштааст, ки ҳукуматдорони ҷадиди Кобул иштирок дар ҳамоиши Маскавро чун имкони роҳандозии иртиботи расмӣ бо кишварҳои дигар медонанд.
"Ҳайати баландпояи Афғонистон таҳти роҳбарии ноиби сарвазир дар Маскав бо намояндагони кишварҳои гуногун масоили мухталифи марбут ба Афғонистонро баррасӣ мекунанд", - изҳор дошт Самангонӣ.
Номи роҳбари ҳайати "Толибон"* дар Маскав маълум шуд
Қаблан Замир Кобулов, фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон гуфта буд, Маскав нияти пешниҳоди эродҳояш ба "Толибон"* ва баррасии роҳҳои ҳалли онҳоро дорад.
Дипломат таъкид намуд, ки Маскав аз ин мулоқот натиҷаҳои куллиеро интизор надорад.
"Ин як раванди тӯлоние аст ва мо инро дарк мекунем. Ин ҷо масъалаи ҳуқуқи башар ва масоили гуманитарию роҳҳои ҳалли он дар миён гузошта хоҳанд шуд", - таъкид намуд Кобулов.
"Толибон"* сафари намояндаҳояш ба Маскавро тасдиқ намуд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар