Ҳушдор аз сар задани даргириҳои мусаллаҳона: Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои осебпазир

Бархе кишварҳо бо хатари сар задани даргирии мусаллаҳона рӯ ба рӯ шудаанд, ки Тоҷикистон низ дар ин феҳраст қарор дорад, навиштааст як нашрияи Туркия
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон метавонад даргирии мусаллаҳона рух диҳад, навиштааст нашрияи "Daily Sabah" бо такя ба таҳлилгараш.
Ба навиштаи коршиноси нашрия, хатари даргирӣ дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон ва вокуниши кишварҳои СААД афзоиш ёфтааст.
Таъкид шудааст, ки дар аввал майдони ҷанг метавонад Афғонистон шавад, ки дар он манофеи чанд кишвар бармехӯранд.
Эҳтимоли ҷанг миёни Чину ИМА дар Афғонистон бузург арзёбӣ шудааст, чун Маскав ва Пекин нигаронанд, ки террористон аз ин кишвар метавонанд ба қаламравашон роҳ ёбанд.
Чин аз долони Вахон ташвиш дорад, ки метавонад гузаргоҳи ҷангиёни уйғур ба минтақаи Шинҷон шавад.
Намояндаи махсуси Тоқаев вориди Кобул шуд
Инчунин дар матлаб аз нуқтаҳои хатарзои пайвандгари Афғонистону Тоҷикистон ҳушдор дода шудааст. Таҳлилгари "Daily Sabah" зикр намудаст, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ташаннуҷи вазъи баъди сари қудрат омадани "Толибон"* гуфтааст.
Ҳушдорҳо дар бораи ҷой додани нерӯҳои СААД дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон бо Афғонистон низ нигаронзо арзёбӣ шудаанд.
Дар баробари ин коршинос аз иттиҳоми Эрон алайҳи Покистон барои пуштибонияш аз "Толибон"* зикр намудаст. Ҳушдор дода шудааст, ки дар кишвар метавонад даргирии гуруҳҳои суннӣ ва нерӯҳои шиаи моил ба Эрон сар занад.
Инчунин эҳтимоли бархӯрди Вашингтону Теҳрон низ бузург арзёбӣ гардидааст.
Дар баробари ин ҳушдор дода шудааст, ки дар оянда метавонад даргирӣ миёни Ҳинду Покистон ва Чину Тайван рух диҳад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар