Фавти ду фармондеҳи нерӯҳои муқовимати Афғонистон дар задухӯрд бо Толибон

Дар даргириҳои ахир бо "Толибон" дар вилояти Бағлони Афғонистон ду ҷангии нерӯҳои муқовимат кушта шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ду фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон дар даргирӣ бо "Толибон" кушта шуданд, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба манобеаш.
Қайд карда мешавад, ки ҷанг дар минтақаи Андароби вилояти Бағлон, дар шимоли Афғонистон сурат гирифтааст.
"Дар ҷараёни даргириҳо ҳафт толиб низ нест карда шуд", - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон бошад, ҳоло нерӯҳои муқовимат дар қисмати Андароб ба дараҳо рафтаанд.
Қаблан намояндагони Ҷабҳаи муқовимат гуфта буданд, ки дар вилоёти мухталифи Афғонистон муқовимат дар ҳоли шаклгирӣ аст.
Қаблан Солеҳ Регистонӣ фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат дар мусоҳибае бо як телевизиони афғонистонӣ гуфт, муқовимат идома дорад ва онҳо барои муборизаҳои ҷадид омодагӣ мегиранд.
Ӯ теъдоди муқовиматгаронро нагуфт, аммо таъкид кард, ки ба таври кофӣ нерӯ ҳаст.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Сарбозони гумноми Ҳазористон": ҳазораҳо ҳам ба муқовимат бархостанд
Ёдовар мешавем, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пас аз бо истифода аз зӯр ба қудрат расидани "Толибон"* муборизаро оғоз кард, ки раҳбарии онро Аҳмади Масъуд ва фармондеҳияшро Солеҳ Регистонӣ ба зима дорад.
Вазъ дар Афғонистон авоили моҳи август, замоне муташанниҷ шуд, ки "Толибон" (ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия) ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон бештар ва дар 15 август қудрат дар Кобулро тасарруф кард.
Президенти пешини ин кишвар Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фирор ва низоми қаблӣ пурра суқут намуд.
Ҷабҳаи муқовимат аз Душанбе хост, вохӯрии онҳо бо "Толибон"*-ро тезонад
"Толибон"* аввали моҳи сентябр кобинаашро эълон кард, ки ин иқдом боиси эътирозҳо гашт ва бинобар ҳамашумул набудани он то кунун ҳеҷ кишваре аз дунё ҳукумати толибонии Афғонистонро ба расмият нашинохтааст.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия