Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

"Ҳокими тилои Роғҳо": хазинаҳои Помир чӣ тавр ба дасти "Шабакаи Ҳаққонӣ" афтиданд?

Дар марзҳои Тоҷикистону Афғонистон як фармондеҳе нерӯ ҷамъ мекунад, ки касе намефаҳмад ба "Толибон"* тааллуқ дорад, ба "ал-Қоида"* ё "Шабакаи Ҳаққонӣ"*
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар гузоришоти иттилоотӣ, Мавлавӣ Наҷибуллоҳи Ҳаққонӣ, маъруф ба Мавлавӣ Наҷиби Роғӣ, фарди хатарнок, машкук ва ғайриқобили контрол аст, ки ҳатто “Толибон”* низ намедонанд бо ӯ чӣ кунанд.
Нуфуз ва истиқлоли ӯ содда аст - пул. Наҷиб ба маънои воқеии калима рӯи тило роҳ меравад, зеро гурӯҳи ӯ истихроҷи ин филизоти гаронбаҳоро дар кулли Роғҳо - шояд ғанитарин минтақаи Афғонистон - контрол мекунад.
Ба ҳар ҳол, воҳидҳои "Ансоруллоҳ"* ва "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон"* низ вуҷуд доранд, ки аксари ҷангиёни онҳо тоҷик ва ӯзбеканд. Ҷангиёни ин ду гурӯҳ буданд, ки зоҳиран ҳангом пайвастан ба “Толибон”* ба сутуни фуқароти горди шахсии Мавлавӣ Наҷиб табдил шуданд. Ва онҳо ҳастанд, ки имрӯз бештарин таҳдидро барои марзи Тоҷикистону Афғонистон эҷод мекунанд.
Наҷиби Роғӣ рӯи тило роҳ меравад, чун гурӯҳи ӯ солҳо ба ин сӯ фоидаҳои ҳангуфти тилои Роғҳоро ба киса мезанад ва аз ҷангиёни хориҷии созмонҳои “Ансоруллоҳ”* ва "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон"* дар ин вулусволӣ ҳимоят мекунад.
Роғистон бо ҷамоати Шӯрободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст. Дараи Ровинҷи ин вулусволӣ дар марзҳои Тоҷикистон хатм ва дарёи ҳамномаш ба дарёи Панҷ сарозер мешавад.
Аббоси “Доллар”: аз дӯконҳои “Садбарг” – и Душанбе то қуллаҳои ҷангу сиёсати Афғонистон
Роғистон бо ҷамоати Шӯрободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст. Дараи Ровинҷи ин вулусволӣ дар марзҳои Тоҷикистон хатм ва дарёи ҳамномаш ба дарёи Панҷ сарозер мешавад.
Маҳз дар ҳамин ҷо воҳидҳои камшумори (дар муқоиса бо артиши "Толибон"*) "Ансоруллоҳ" ва Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон қарор доранд, ки аксари ҷангиёни ин гурӯҳҳоро тоҷикон ва ӯзбекҳо ташкил медиҳанд.
Маҳз ҷангиёни ин ду гурӯҳ буданд, ки зоҳиран ҳангоми пайвастан ба "Толибон" шоҳроҳи муҳофизи шахсии Наҷиб Роғӣ шуданд.

Ҷанг ба ҷои дарс

Мавлавӣ Наҷиб, тоҷик, зодаи рустои Патири вулусволии Роғистон буда, ҳудуди 45 сол дорад. Падари ӯ Соҳибназар ва модараш аз тоҷикони асили Роғ буда, модарандараш аз Гузари Афғонии шаҳри Файзобод, маркази Бадахшон ва аз паштунҳои ноқил гуфта мешавад.
Дар даврони аввали муқовимат (1996-2001), вақте дар Афғонистон ҷанг ва дари макотиб баста буд, падараш ӯро барои сабақ гирифтан ба Покистон фиристод. Дар Покистон ӯ ба Дор-ул-улуми Ҳаққония, маъруф ба Донишгоҳи ҷиҳод дохил шуда, бо шабакаи “Ал-қоида” ва “Шабакаи Ҳаққонӣ” иртибот пайдо кард.
Ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон, ки Мавлавӣ Наҷибро хуб мешиносад, мегӯяд, мавсуф ба ҷои ин ки дарси дин бихонад, дарси ҷанг омӯхт, дар Кунару Ҳилманд ба сифати сарбози “ал-Қоида” дар набардҳо ширкат кард ва дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай пинҳонӣ ба Роғҳо баргашт.
“Соли 2015, замоне ки “Толибон” дар Бадахшон ҷон мегирифт, амрикоиҳо як барнома доштанд, ки дар ҳар вулусволии ноамн пулиси маҳаллӣ месозанд ва имконоти пуливу низомӣ дар ихтиёраш қарор медиҳанд.

Бародари Амонуллоҳ Паймон, вакили мардумии Афғонистон (2005 – 2018) Ҳаётуллоҳ ном дошт ва раиси амнияти Роғистон буд. Ӯ ба Мавлавӣ Наҷиб гуфт, ки ту баро, ба куҳ боло шав, ки ман як миқдор имтиёз аз давлат бигирам. Инҳо тафоҳум карданд. Ин одам бо 5-6 нафар баромад, толиб шуд”, - гуфт манбаъ.

Гурӯҳи Мавлавӣ Наҷиб дар як муддати кӯтоҳ ба 50-60 нафар расид. Вай бар асоси иртибототи қаблиаш бо “Ал-қоида” ва “Шабакаи Ҳаққонӣ” васл шуду онҳо ӯро ҳимояти моливу низомӣ карданд.

Пуштибон

Зоҳиран Мавлавӣ Наҷиб аз сӯйи худи Ҳукумати Афғонистон ба майдон андохта шуд. Дере нагузашта ҷабҳааш қавитар гашт. Террористии хориҷӣ – тоҷикистониву ӯзбекистониҳое, ки дар дараи Даҳани Шолаи вулусволӣ паноҳ бурда буданд ва ҳам толибони дарвозӣ бо ӯ пайвастанд. Аввалҳо танҳо дар дараи Даҳанаи Шола пойгоҳ дошт. Ҳоло ба ҷуз ин дара, дар ду нуқтаи дигари Роғистон – Ровинҷов ва Зириндов низ пойгоҳ дорад.

“Дар Даҳанаи Шола 80 ҷангии тоҷик бо аҳли хонаводаашон зиндагӣ мекарданд. Ҳафтаи қаблӣ 77 хонаводаашон ба Имом Соҳиби вилояти Кундуз кӯч карданд. Инҳо марбути созмони “Ансоруллоҳ”-анд, ки раҳбарашон касе ба номи мустаори Абуҷаъфар ва раҳбари умумиашон Мавлавӣ Иброҳим аст.

Касоне, ки аз хориҷанд, ҳамагӣ номҳои мустаор доранд. Соли гузашта як фармондеҳи тоҷики онҳоро дар Зириндов тайёраи давлатӣ зада буд. Аз ҳамон ба баъд онҳо ба мардум номи мустаор мегӯянд ва иҷозаи тасвир гирифтанро намедиҳанд. Касе ҳам намефаҳмад, ки тоҷиканд ё ӯзбек, зеро онҳо бо дарӣ хуб суҳбат мекунанд”, - гуфт манбаъ.
Қаблан Устод Атомуҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон феҳристеро аз террористони хориҷӣ дар Роғистон нашр карда буд, ки дар он ба шумули Абуҷаъфар, масъули низомӣ, 10 узви дигари “Ансоруллоҳ” ва ду узви Ҳаракати исломии Ӯзбекистон зикр шудааст.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Рӯйхати террористон – "туҳфа" – и Устод Ато ба ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой
Бино ба ин феҳрист, касе ба номи Ҳоҷӣ Фурқон, табааи Қазоқистон, узви Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, фармондеҳи умумии террористони хориҷӣ, муовинони ӯ нафароне ба номҳои Салмон, масъули асосии “Ансоруллоҳ” ва Қорӣ Алӣ, масъули умумии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон гуфта шудааст.
Сардори як гурӯҳи ҷангиёни “ал-Қоида”* шахсе ба номи мустаори Муътасим Биллоҳ, маъруф ба Мавлавӣ Иброҳим, шаҳрванди Тоҷикистон низ дар дараи Даҳанаи Шолаи вулусволии Роғистон ҳузур ва як қароргоҳ дорад.
Ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, аъзои созмонҳои террористӣ дар Роғистон таҳти пуштибонии Мавлавӣ Наҷиб қарор доранд, ки дар навбати худ барои ба авҷи қудрат расидан шояд аз Ҳаётуллоҳ Паймон, раиси амнияти Роғистон сипосгузор бошад.

Тилокор

Аммо он чӣ бар қудрати ӯ меафзуду то ба ҳол меафзояд, захираҳои бузурги тилои Роғистон аст. Мавлавӣ Наҷиб вақте қудрати низомӣ ба даст овард, болои хазинаҳои ҳангуфти тилои Роғҳо нишаст.
Қабл аз ӯ фоидаҳои тилои Роғҳо ба кисаи Ҳаётуллоҳ Паймон ва дигар мансабдорони минтақа мерафт, ки ҳоло шояд аз боло кардани Мавлавӣ Наҷиб ба куҳҳо сахт пушаймон низ ҳастанд. То омадани “Толибон” хонаводаи Паймон кори тилои Ровинҷову рустои Лашкарҷо, зодгоҳашонро назорат мекард. Мавлавӣ Наҷиб аз замоне ки қудрат гирифт, кони Зириндовро дар ихтиёр дошт. Ҳоло ӯ ҳокими ин ҳама конҳост.

“Вай аз мардуми тилокор хумс мегирад. Хумс, яъне аз панҷ тило як тило ҳаққи ӯ буд. Як тило 4٫58 грам аст. Мардум тилло истихроҷ мекунанд ва аз панҷ як ҳиссааш аз ӯ мешавад. Ба ҷуз он ки аз мардум хумс мегирад, худаш низ чанд коргоҳи тило дорад, ки авоидаш комилан ба кисаи худаш аст”, - гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол Мавлавӣ Наҷиб танҳо толибе нест, ки аз синаи Помирҳо маъодини гаронқиматро берун меорад. Қорӣ Фасеҳуддин, ҳоло сардори Ситоди кулли Вазорати дифои “Толибон” низ замоне қудрат гирифт, ки захираҳо ва тиҷорати лоҷувард дар кони Сари Санги вурусволии Ҷурм, баъдтар Карону Мунҷон ба дасташ афтод.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Соҳибхонаи бин Лодан ва шарики Қорӣ Фасеҳуддин”: вазири Панҷшерии “Толибон”* кист?
Дар умум хазинаҳои табиии Бадахшон дар ихтиёри ин фармондеҳон аст, ки ҳамагӣ бо “Шабакаи Ҳаққонӣ” иртибот доранд. Тилову лоҷувард ва дигар сангҳои қиматбаҳои Бадахшон аз тариқи Панҷшеру Кобул ба Покистон интиқол меёбад. Афроде ҳам дар Панҷшеру Кобул, ки дар ин тиҷорат дахиланд, аз сӯйи “Шабакаи Ҳаққонӣ” гумошта шудаанд.
Хазинаҳои Бадахшон қудратофаринанд. Ин ҳама сол онҳо “Толибон”-ро нерӯ мебахшиданд ва дар замони ҷиҳоду муқовимат нерӯҳои Аҳмадшоҳи Масъудро, ки харҷи асосии ҷангҳо ва буҷаи қаламравашро аз ин ҳисоб таъмин мекард, такягоҳи молӣ буданд.

Хумс – балои ҷон

Мавлавӣ Наҷиб пас аз суқути Кобул ба дасти “Толибон” хонавода ва қисмати асосии нерӯҳояшро дар Роғҳо монда, бо теъдоди 50 муҳофизи шахсӣ ба пойтахт рафт ва бино ба гузоришҳо, ҳоло дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Далелаш ба аморат напардохтани хумси дар муддати 6-7 сол ҷамъ овардааш аст, ки ҳудуди 6.5 миллион доллар баровард шудааст.
Ӯ дар қаламрави таҳти нуфузи “Толибон” фаъолият дошт, табъан хумсро бояд ба Иморати исломӣ медод. Аз сӯи дигар ин рақам гиреҳи зарфиятҳои конҳои Роғ ва даромадҳои Мавлавӣ Наҷибро низ боз мекунад.
Маҳз адами пардохти хумс ихтилофи миёни ӯву Мавлавӣ Амонуддин, волии пешини Бадахшонро ба ҳадде расонд, ки қариб буд, кор ба даргирии низомӣ миёни онҳо дар Кобул кашад.

“Қабл аз суқути Панҷшер афроди Наҷиб яке аз фармондеҳони Амонуддин ба номи Қадири Тиргаронро латукӯб карданд, ки ба шифохона афтод. Афроди Амонуддин дар посух ронандаи Наҷибро, ки як тоҷикистонӣ буд, мавриди латукӯби шадид қарор доданд. Қариб гап ба силоҳ расид, ки Қорӣ Фасеҳуддин миёнашон сулҳ кард”, - гуфт манбаъ.

Ин гузориш ҳам ҳаст, ки пас аз фишорҳо барои хумс Мавлавӣ Наҷиб қаҳр карда, ба манзури пайвастан ба Ҷабҳаи муқовимат роҳии Панҷшер гардид, аммо тавассути сарони “Толибон” аз кутали Хайрхона – дарвозаи шимолии Кобул дубора баргардонда шуд.

Хатарнок ва машкук

Аммо на фақат хумси тилои Роғ аст, ки балои ҷони Мавлавӣ Наҷиб шудааст. “Толибон” гапҳои дигар ҳам дорад ва ӯро як фарди хатарноку машкук мебинад. Аз ҷумла, ӯ дар чанд оташбаси расмӣ аз амри иморат сарпечӣ кард, ки садоқаташро ба аморат таҳти суол қарор дод ва эҳтимоли иртиботи ӯ бо ДОИШ-ро қавӣ кардааст.
Вай бидуни салоҳи иморат дар Роғҳо – вулусволиҳои Роғистон, Ёвон ва Кӯҳистон ба мардум 1500 мил силоҳ тавзеъ кард ва аз ӯ пурсида мешавад, аз куҷо ва бо кадом пул онҳоро ба даст оварда буд. Вай дар 15 КамАЗ силоҳу муҳимот, ҳатто сӯзишвории ливои Бадахшони урдӯи миллии пешинро гирифта, ба пойгоҳҳояш дар Роғҳо интиқол дод, ки маълум нест, ба дастури кӣ ин корро кардааст.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Пулу плани калон”: “Ал-қоида”* Осиёи Марказиро чӣ гуна ҳадаф гирифтааст?
“Ӯ он қадар пул дорад, ки тасаввур кунед, қариб нисфи силоҳеро, ки дар Бадахшон буд, харид. Беҳтарин мошинҳоро ин одам дар хизматаш дорад, ки аксаран "Hilux"-и ҷопонӣ ва "Ford"-и амрикоиянд. Худаш савори як "Ford"-и ҷадиди шишасиёҳ аст. Баъди суқути ҷумҳурӣ аз ибтидо то феълан ҳарчи силоҳи амрикоӣ, ки дар бозори Файзобод пайдо мешавад, аз қабили "амфур" (m4)-ро ин одам харида, ба Роғҳо интиқол додааст. Се нафар ҳанӯз ҳам муваззаф ба хариданд. Ҳатман “Толибон” фикр мекунад, ки ин ҳама ба хотири чӣ аст”, - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Аз сӯйи дигар, “Толибон”-и Бадахшон миёни худ замзама мекунанд, ки агар Мавлавӣ Наҷиб ба Бадахшон ояд, эҳтимол дорад, парчами ДОИШ-ро баланд кунад. Ба ин далел намегузоранд, ки Бадахшон биёяд.
“Достони ӯ дар ин шабурӯз сари забонҳои толибони бадахшонӣ дар маҳофили хусусӣ аст. Дар чандин маҷлис аз забони Қорӣ Исо, яке аз наздикони Қорӣ Фасеҳуддин низ шунида шудааст. Фармондеҳони толиб ба дили худ калон шуда, дар ҳар минтақа ҳукумат кардаанд, қонунро намепазиранд. Аз ҳамин хотир аз ноҳияи Мавлавӣ Наҷиб ба ташвиш ҳастанд. Ҷанҷолҳои ӯ бо Мавлавӣ Амонуддин низ метавонад дар Бадахшон буҳрон халқ кунад”, - гуфт манбаъ.
Таҳдиди “Толибон” ба Тоҷикистон: “Лашкари Мансурӣ”-ро чаро сохтанд?
Дар ҳамин ҳол ба назар мерасад, Мавлавӣ Наҷиб дар мухолифат бо Мавлавӣ Амонуддин барандаи майдон аст. Ахирӣ аз симмати волии Бадахшон барканор ва муовини фармондеҳи як горнизони Вазорати дифоъ дар шаҳри Мазори Шариф таъин шуд. Худи Мавлавӣ Наҷиб гуфтааст, ки ӯро ба сифати фармондеҳи ливои таҳаррукоти Вазорати дифоъ таъйин кардаанд, аммо фармон содир нашудааст.
“Пуштибонаш ҳаққониҳоянд, ки ҳоло Вазорати дохила ва раёсати амният таҳти амрашон аст. Агар дар ҳукумати қаблӣ урдӯи миллӣ - Вазорати дифоъ ҳарфи аввалро мезад, ҳоло гап гапи Вазорати корҳои дохилӣ аст. Вазир ҳам Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари “Шабакаи Ҳаққонӣ” аст, ки тамоми созмонҳои террористии хориҷӣ дар Афғонистонро пуштибонӣ мекунад”, - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Тақдири Роғӣ чӣ хоҳад шуд?

Агар "Шабакаи Ҳаққонӣ"*-и бонуфуз муттаҳиди худро ба самти раҳбарии Бадахшон савқ диҳад, таҳдиде бузургтар мувоҷеҳи амният дар ҳавзаи масъулияти СААД, аввал аз ҳама, Тоҷикистон мешавад.
Чӣ касе медонад Мавлавӣ Наҷиб дар роҳи сарват ва қудрат ба чӣ моҷароҳое қодир аст.
Муҳиммтар аз он, як ҷангҷӯи баландпарвозу ғайриқобили контрол ва дар айни ҳол сарватманду қудратманд барои раҳбарии “Толибон”* низ зараровар аст. Раҳбарон ин гурӯҳ саъй мекунанд ҷомеаи ҷаҳониро мутақоид кунанд, ки дар қиболи эътирофи байнулмилалӣ ва кӯмакҳои молӣ, вазъияти амниятии Афғонистонро ба таври комил контрол мекунанд.
Ва Мавлавӣ Наҷиби сарсахт, ки вафодории ӯ ба “Толибон”* зери суол рафтааст, мумкин аст тамоми талошҳои ин гурӯҳро барои эҷоди тасвире аз давлати бокифоятро аз байн бибарад.
Ва "арбоби қумҳои тилоӣ" мумкин аст сарнавишти бисёре аз фармондаҳони бисёр бонуфузи дигарро, ки тасмим гирифтанд ба танҳоӣ бозӣ кунанд - яъне қурбонии як ҳамлаи террористӣ созанд, ки метавон ба роҳатӣ ба гардани “Давлати исломӣ”* бор кард ё ҳар мухолифи сиёсии дигари “Толибон”*.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар