Баргузории нахустин мурофиаи додгоҳии парвандаи қатли Руфейда

Гумонбари асосӣ ҳамсоя ва падари дугонаҳои духтарак - Раҳматулло Гадоев аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Баъди се моҳи ҳодисаи пурсарусадои куштори духтараки 8-сола Руфейда Иноятова дар ноҳияи Рӯдакӣ нахустин раванди додгоҳии парвандаи мазкур баргузор мешавад.
Дар ин бора падари духтараки ғӯрамарг Валиҷон Иноятов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ёдрас мешавем, ҳодисаи куштори даҳшатбори духтараки 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ авали моҳи июл рух дод. Руфейда Иноятова ҳамагӣ як ҳафта пеш аз зодрӯзаш, 4 июл аз назди хонаашон нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади порашудаи ӯро аз мабрази ҳамсоя пайдо карданд.
Гумонбари асосӣ, ҳамсоя ва падари дугонаҳои духтарак Раҳматулло Гадоеви 31-сола баъди як рӯзи ҳодиса боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Ӯ бо ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 138, таҷовуз ба номуси духтари ба синни 14 норасида ва 104 - куштор гумонбар мешавад.
Бино бар иттилои Валиҷон Иноятов, нахустин раванди додгоҳии парвандаи куштори Руфейда 11 октябр пас аз зӯҳр дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон баргузор мешавад.
"Қасам хӯрд, ки надидаам": сӯҳбати падари Руфейда бо гумонбар дар қатли духтарчааш
"Интизор меравад, ки муфаттишон барои идомаи тафтиши парванда дархости тамдиди ҳабси гумонбар кунад", - мегӯяд вай.
Пештар бибии духтарак Гулсун Иноятова дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ карда буд, ки бо гузашти се моҳи ҳодиса аз натиҷаҳои тафтишот ба онҳо чизе маълум нест.
Падари Руфейда мегӯяд, бо вакили дифоаш доим дар иртибот аст ва онҳо то охир аз додрас барои Раҳматулло ҳабси абадро талаб хоҳанд кард.
Валиҷон меафзояд, ҳоло ӯ ва ҳамсару ду фарзанлдаш, яке дугоники Руфейда - Румейса ва додари дусолааш Ҳакимҷон манзилашонро дар деҳаи Навободи ноҳияи Рӯдакӣ тарк кардаанд.
"Хонаро ба фурӯш гузошта, муваққатан бо апаам зиндагӣ мекунем. Баъди он ҳодиса ба оилаамон ва хусусан, ҳамсараму Румейса дар он маҳалла ва хонаамон мондан, мушкил аст", - мегӯяд Валиҷон.
Вай меафзояд, ки пас аз қазияи куштори духтаракаш нафарони зиёде ба оилаи онҳо кӯмак расониданд, ки аз онҳо миннатдор аст.
Ҳамчунин, пештар хонаводаи Иноятовҳо иддао доштанд, ки модари Гадоев низ дар ҳодиса даст дорад - изи ҷиноятро дидаву дониста пӯшонидааст.
Вазири умури дохили Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ моҳи август гуфт, ки мақомот аз даст доштани модари гумонбар дар куштори Руфейда иттилое надорад.
Вай афзуд, ки тафтишоти ҳодисаро прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ мебарад ва вобаста ба анҷом ёфтани он маълум мешавад, ки оё модари Раҳматулло дар ҳодиса даст доштааст ё не.
“Руфейда барои бозӣ омад”: Гадоев маст будааст – видеои пурраи ВКД
"Агар модари ӯ ба ин ҷиноят даст дошта бошад, ӯ ҳам дар назди қонун ҷавоб мегӯяд", - таъкид карда буд вазир.
Падари Руфейда мегӯяд, то ҳол ба онҳо маълум нест, ки нисбати ин паҳлӯи ҳодиса чӣ чораҷӯиҳо андешида шудааст.
Ёдрас мешавем, ҳодисаи куштори Руфейдаи 8-сола ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод ва дар пайи он фаъолон аз мақомот дасрхост карданд, ки муҷозот барои ин гуна ҷиноятҳо, аз ҷумла таҷовузи кӯдакон сангин шавад.
Дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон гуфт, ки лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки мутобиқи он ҷавобгарии ҷиноятӣ вобаста ба ин қабил ҷиноятҳо пурзӯр карда шудааст.