ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Мавқеи Тоҷикистон дар феҳристи "шиносномаи қавӣ" поён рафт, гуфта мешавад дар гузориши пойгоҳи таҳлилии "Henley&Partners".
Бино бар гузориши ин ниҳод, шиносномаи Тоҷикистон 5 зинаро аз даст дода, ҳамакнун дар раддабандии мазкур дар хатти 90-ум қарор дорад. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид ба 58 кишвари дунё сафар кунанд.
Миёни давлатҳое, ки тоҷикон метавонанд бе раводид сафар кунанд, Антигуа, Барбуда, Барбадос, Кабо Верде, Зимбабве, Мавритания ва дигарҳо номбар шудаанд.
Байни кишварҳои Осиёи Миёна мавқеи шиносномаи Қазоқистон хубтар аст. Шаҳрвандони ин давлат метавонанд ба 77 кишвар бидуни раводид сафар кунанд.
Ӯзбекистон дар ин феҳрист дар ҷои 92 (56 кишвар) ва Туркманистон дар ҷои 96-ум (52 кишвар) қарор гирифтааст.
Шиносномаи Русия, ки бо он метавон ба 118 кишвари ҷаҳон бидуни раводид сафар кард, дар ҷои 52-юм мавқеъ гирифтааст.
Ҷойи аввалро дар ин раддабандӣ шиносномаҳои Ҷопон ва Сингапур ишғол мекунанд, ки марзи 192 кишвар ба рӯйи шаҳрвандонашон боз аст.
Миёни чор шиносномаи қавитарин инчунин Олмон ва Куреи Ҷанубӣ (190 кишвар) низ қарор доранд.
Раддабандиро шиносномаи Афғонистон хотима медиҳад. Бо шиносномаи афғонӣ метавон танҳо ба 26 кишвари ҷаҳон бидуни раводид ворид шуд.
Феҳристи шиносномаҳо аз соли 2006 инҷониб мунташир мешавад.