Русия

Ангишт ҷайбро гарм мекунад: Чаро сӯзишвории Русия барои Аврупо гарон аст?

Дар баробари гароншавии қимати газ болоравии қимати ангишт низ ба назар мерасад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik, Ирина Бадмаева. Сесад доллар барои як тонна - дар тӯли бист сол ин гуна болорави ба қайд гирифта нашуда буд. Дар бозор талабот зиёд аст. Он чӣ қадар давом мекунад ва Русия чӣ қадар даромад ба даст меорад, дар ин гузориш бихонед.

Бозгашти ангишт

Сарфи назар аз даъватҳо дар ҷиҳати кам кардани партоби CO2 ба фазо, хариди ангишт бештар шудааст. Онро ҳатто ба Аврупои аз ҷиҳати экологӣ тоза мебаранд: дар он ҷо маҷбур буданд, ки бинобар болоравии нархи рекордии газ ба сӯзишвории сахт рӯ оранд. Дар Иттиҳоди Аврупо нархи ҳазор метри мукааб газ аз 1400 доллар ҳам гузашт. Ширкатҳои энергетикӣ оташ мегиранд. Баъзеҳо аллакай варшикаста шуданд. Ангишт ягона роҳи наҷот аст.
Дар моҳи сентябр Олмон, Испания, Бритониё ва Фаронса бо сӯзишвории сахт тақрибан ҳафт миллион мегаватт-соат барқ истеҳсол карданд. Ин назар ба як соли пеш 35 дарсад бештар аст.
Бо вуҷуди ин Аврупо ангишт надорад. Таъминкунандагони асосӣ барои зиёд кардани содирот вақт надоранд. Захираҳо дар шимолу ғарби қитъа кам аст: каме бештар аз чор миллион тонна.
Путин ваъда дод, ки тааҳҳудот дар бораи транзити газ тавассути Украинаро иҷро мекунад
Гузашта аз ин бо харидорони осиёӣ рақобат вуҷуд дорад. Дар Чин низ камбудӣ вуҷуд дорад. Барои осмони кабуди болои сар он ҷо конҳои ангишт баста шуданд.
Михаил Коган, раҳбари бахши таҳлилӣ дар Мактаби олии менеҷменти молиявӣ мегӯяд: "Аз сабаби тағироти шадид, мақомот бонкҳоро маҷбур доранд, ки ба ширкатҳои ангишт қарз диҳанду маблағгузорӣ кунанд.
Иқтисоди Чин босуръат барқарор мешавад. Корхонаҳо ба нерӯи бештар ниёз доранд. Рӯшан аст, ки кишвар минбаъд низ аз сӯзишвории сахт ба таври васеъ истифода хоҳад кард. Ҳизби коммунистӣ хеле зуд ва якбора аз ин даст кашид.
Бо дигар кишварҳои таъминкунанда низоъ вуҷуд дошт. "Пекин муносибатҳояшро бо Австралия, ки тақрибан ҳашт дарсади ангишти ҷаҳонро тавлид мекунад, сард кард. Ҳамаи ин ба коҳиши воридот аз Индонезия рост омад, ки ғайр аз Чин ба Ҳиндустон ва дигар кишварҳои Осиё хидмат мерасонд",-гуфт Артем Деев, сардори шуъбаи таҳлилии ширкати "AMarkets".
Дар натиҷа аз се ду ҳиссаи музофотҳои Чин ба ҳолати сарфаи барқ ​​гузаштанд. Корхонахои калонтарини нефту кимиё кори худро катъ карданд.
Идомаи рекордгузории нархи газ дар Аврупо
Норасоӣ нархҳоро тавре ки интизор мерафт, боло бурд, на танҳо дар Чин. Дар Аврупо сӯзишвории сахт нисбат ба Осиё тақрибан 14 дарсад гаронтар аст. "Бо афзоиши талабот, нархи ангишт то охири мавсими гармидиҳӣ ҳам дар Ғарб ва ҳам дар Шарқ, ки хатари буҳрони энергетикӣ меафзояд, боло меравад",-бовар дорад Деев.

Зимистони сард ва тобистони гарм

Солҳои охир ҷаҳон ба ангишт камтар ниёз дошт. Аврупо, Чин ва Иёлоти Муттаҳида роҳи декарбонизатсияро муайян кардаанд.
Камшавии талабот ба сӯзишвории сахт ҳангоми пандемия гузариш ба энергияи тоза номида шуд. Бо вуҷуди ин "кабудизоркунӣ" вақтро мегирад. Ин раванд зуд кор намекунад.
Илова бар ин ҳеҷ кас офатҳои табииро бекор накардааст. Аз сабаби сардиҳои зимистон ва тобистони ғайримуқаррарӣ гармхонаҳои зеризаминии гази Аврупо холӣ шуданд. Нархи газ босуръат боло рафт. Нишондиҳандаҳои нафт ҳам боло мераванд.
Газ ва Исроил: чигуна Аврупо Русияро боз бо дигаре иваз кард
Таъминот ба талабот ҷавобгӯ нест. Истеҳсолкунандагони нерӯи барқи Аврупо аз Русия хоҳиш мекунанд, ки содиротро бештар намояд.
Албатта, онҳо намехоҳанд, ки инро таблиғ кунанд. Дар пеш конфронси навбатии тағирёбии иқлим аст. Онҳо партобҳои газҳои гулхонаиро баррасӣ хоҳанд кард.
Умед ба Русия, ки аз рӯи захираи сӯзишвории истихроҷшуда дар ҷаҳон дар ҷои чорум қарор дорад. Русия шашум аз рӯи ҳаҷми истеҳсолот ва сеюм аз рӯи содирот аст. Умуман соли гузашта тақрибан 200 миллион тонна ба хориҷа содирот шуд. Чин қариб 29,5 миллион, Кореяи Ҷанубӣ - зиёда аз 23, Ҷопон - 21,5 миллион тонна харид.
Аммо истеҳсоли махсулотро зиёд кардан ғайриимкон аст. "Саноати истихроҷи ангишт як давраи тӯлонии истеҳсолист. Ба мо зарфиятҳои нави техникӣ, иҷозатномаҳои мувофиқ ва санадҳои лозима заруранд. Ин тақрибан ду солро дар бар мегирад - аз ният то оғози коркарди кони нав. Русия аллакай таъминкунандаи асосии ангишт ба Аврупо бо ҳаҷми зиёда аз 40 миллион тонна дар як сол аст",- мегӯяд Артем Деев.
Ширкатҳои ватанӣ, бешубҳа, аз болоравии нархи ашёи хом даромади зиёд мегиранд. Дар бозорҳои Осиё дар соли 2019 ангишт ба ҳисоби миёна 90 доллар барои як тонна буд. Ҳоло дар Иттиҳоди Аврупо 300 аст.
Дар ҳамин ҳол, афзоиши назарраси содирот дар назар нест. Обуҳавошиносон зимистони сардро пешгӯӣ мекунанд.
Лимити барқ нархи ангишт ва ҳезуму таппакро боло бурд
Ҳоҷимурод Белхароев, дотсенти Барномаи байналмилалии амнияти иқтисодии Донишкадаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва тиҷорати Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия гуфт: "Дар муддати кӯтоҳ талабот зиёд боқӣ мемонд. Фурӯшандагон онро дар бозорҳои ҷаҳонӣ гарм мекунанд".
Роҳандозии хатти лулаи “Nord Stream 2” ҳам дур нест. Бозор интизори бастани шартномаҳои дарозмуддати газ аст, ки нархи ин навъи сӯзишвориро муътадил месозад. Ва фаромӯш накунед, ки бо вуҷуди болоравии нарх ҷаҳон ҳанӯз аз ангишт даст накашидааст.
"Дар дегхонаҳои саноатӣ, ки дар онҳо газ ё ангишт сӯзонда мешавад, хусусияти кор гуногун аст. Вақте ки онҳо бо сӯзишвории сахт гарм карда мешавад, ба кори дастӣ ниёз пайдо мегардад. Яъне хароҷоти маош, ёрии тиббӣ, ғизои иловагӣ зиёд мешавад. Вақте ки газ истифода шавад, ҳама чиз худкор аст. Танҳо тугмаро пахш мекунед ", - шарҳ додааст Белхароев.
Аммо афзалиятҳо низ мавҷуданд: ангишт худ аз худ оташ намегирад ва дар ҷойҳои боз нигоҳ дошта мешавад. Ва, тавре таҷриба нишон медиҳад, агар дар ҳавои хунук дигар манбаъҳои энергия ноком шаванд, сӯзишвории сангӣ баръакс аст.