ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия, мудири бахши Осиё дар Вазорати умури хориҷии ин кишвар ба хабарнигорон гуфт, тасмими аслӣ дар мавриди ироаи кумакҳои башардӯстона аз сӯйи Русия ба Афғонистон гирифта шудааст, ҷузъиёти таҳвили ин кумакҳо дар ҳоли баррасӣ аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Вай дар посух ба ин суол, ки "оё Русия ба Афғонистон кумак хоҳад кард ва кай ба ин кишвар кумакҳои башардӯстона ироа мешавад?", ӯ гуфт: “Кор бо чанд ниҳод идома дорад ва кумак ба Афғонистон расонида мешавад. Қарори бунёдӣ қабул шуд ва муассисаҳо кумакҳоро ҷамъоварӣ доранд".
Созмони Милали Муттаҳид ахиран эълон кард, ки нисфи аҳолии Афғонистон ё 18 миллион нафар ба кумаки фаврӣ ниёз доранд.
Созмонҳои кумакрасони байналмилалӣ ва Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои ҷаҳон даъват кардаанд, ки фавран барои пешгирии "фоҷеаи инсонии дигар" дар Афғонистон пеш аз фарорасии зимистон ва сард шудани ҳаво амал кунанд.
Созмонҳои кумакрасон гуфтаанд, кишварҳое, ки ба Афғонистон ваъда додаанд, бояд пеш аз фаро расидани зимистон ва пеш аз он ки дер шавад, ба ваъдаҳои худ вафо кунанд.