Аз майдони варзишӣ то корхонаи нонпазӣ - ифтитоҳи чанд иншоот дар Ҳамадонӣ аз сӯйи Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз боздид аз филармонияи таъмиру навсозишудаи Одина Ҳошим дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҷмааи варзишии замонавиеро ифтитоҳ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кардааст, ки маҷмааи варзишии замонавӣ дар маркази ноҳияи Ҳамадонӣ бо саҳми соҳибкор Амрохон Саидов бунёд гардидааст.
Маҷмааи варзишӣ дорои 5 толори хурд, аз ҷумла як толор барои таэквандо, толори кӯштӣ, толор барои бозии шашкаю шоҳмот, толори тамрин ва толори тенниси рӯи миз аст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ин иншоот ба масъулон дастур дод, ки барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба варзиш тадбирҳои саривақтиро амалӣ намоянд.
Арҷгузорӣ: Раҳмон филармонияи Ҳамадониро ба номи Одина Ҳошим гузошт
Дар ҳамин ҳол манбаъ ёдрас кардааст, ки дар се соли охир дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар раванди корҳои ободонию созандагӣ 14 иншооти варзишӣ ба истифода дода шудааст.
Ҳамчунин иттилоъ дода шудааст, ки дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як мактаби варзишӣ фаъолият дорад, ки дар он бештар аз 1000 нафар ҷавону наврас аз рӯи 11 намуди варзиш ба тамрин фаро гирифта шудаанд.
Ҳамзамон роҳбари давлат зимни сафараш ба ноҳияи Ҳамадонӣ филиали ширкати “Нонпаз”-ро ифтитоҳ кард.
Гуфта шудааст, ки дар ин маркази хидматрасонӣ дар баробари омода ва ба фурӯш гузоштани маҳсулоти гуногуни нонӣ ҳамзамон ҷавонон ба касбомӯзӣ ҷалб мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба Хатлон рафт
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои таъсиси маркази пухтупази маҳсулоти нонӣ ва ба касбомӯзӣ ҷалб кардани духтарон изҳори сипос кард.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки занону бонувони ба кор ҷалбшуда қаблан хонашин буданд ва акнун соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб шудаанд.
Сипас роҳбари давлат дар кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатиро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дод.
Мавриди зикр аст, ки Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ солҳои 50-уми асри гузашта бунёд шуда буд.
Раҳмон сокинони ноҳияи марзӣ дар ВМКБ - ро ба зиракию муттаҳидӣ даъват кард
Зикр гардидааст, ки корҳои сохтмонӣ, тибқи нақша, аз нимаи дуюми соли 2020 бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ оғоз гардида, дар муҳлати кутоҳ анҷом ёфт.
Ҳамчунин бинои Осорхонаи таърихии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки дар шафати боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ҷойгир аст, баъди навсозии пурра дар он шароити мусоиди нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ фароҳам гардид.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангию фароғатӣ бо 50 нафар ятими кулли аз ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ мулоқот намуд.
Раисҷумҳури кишвар ба ятимон туҳфа тақдим кард, ки аз ин лутфу меҳрубонӣ онҳо шод шуданд.