Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

"Толибон": Эъдом ва буридани дасту пойро мумкин дубора оғоз кунем

Яке аз бунёдгузорони гурӯҳи “Толибон”* мегӯяд, ки кобинаи онҳо дар ҳоли баррасии ин мавзуъ аст, ки ин муҷозот дар байни мардум иҷро шавад ё на
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Мулло Нуриддин Таробӣ, яке аз бунёдгузорони гурӯҳи “Толибон” дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Ассошейтед пресс”, ки ахиран мунташир шуд, хашми ҷаҳониён аз эъдомҳои “Толибон”* дар гузаштаро бемаврид хонд ва ба дунё ҳушдор дод, ки дар умури ҳокимони ҷадиди Афғонистон дахолат накунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Қаблан, дар даврони ҳукмронии аввали “Толибон” баъзан маҳкумшудагонро дар варзишгоҳҳо ва дар назди омма эъдом мекарданд.

"Ҳама моро танқид карданд, аммо мо ҳеҷ гоҳ дар бораи ҷазоҳои кишварҳои Ғарб чизе нагуфтаем. Ҳеҷ кас наметавонад ба мо бигӯяд, ки қоидаҳои мо бояд чӣ гуна бошанд. Мо исломро пайравӣ мекунем ва қонунҳои худро бар Қуръон асос хоҳем дод", таъкид доштааст Таробӣ ба хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс”.

Таробӣ дар замони режими “Толибон” раҳбари Вазорати адлия ва Вазорати амри маъруф буд. Он замон афроде, ки барои куштор маҳкум шуда буданд, маъмулан аз ҷониби хешовандони қурбонӣ бо паррондан бар сараш кушта мешуданд. Онҳоеро, ки барои роҳзанӣ ва ғоратгарӣ маҳкум мешуданд, дасту по мебуриданд.
"Толибон"* хостори бозгардонии пулҳои дуздидаи Ғанӣ шуд
Ҳукмҳо пушти дарҳои баста сурат мегирифтанд ва тартибот бар асоси шариат буд.
Ин дафъа додрасҳо, аз ҷумла занони қозӣ, парвандаҳоро баррасӣ хоҳанд кард, аммо асоси қонун дар Афғонистон қоидаҳои Қуръон хоҳад буд, гуфт Таробӣ. Вай гуфт, ки ҷазоҳои пешина аз сар гирифта мешаванд.
Ба гуфтаи Таробӣ, "буридани дасту пой барои амният хеле зарур аст" ва ин ҷазо як таъсири боздоранда дорад.

“Ҳукумати “Толибон”* дар ҳоли ҳозир баррасӣ доранд, ки оё ин ҷазоҳо бояд ошкоро сурат бигиранд ё на”, - илова кард Таробӣ

Ҳоло, дар замони ҳукумати нави “Толибон”*, Таробӣ масъули зиндониён аст. Вай яке аз раҳбарони “Толибон”* ва узви кобинаи нави ин гурӯҳ аст, ки дар рӯйхати таҳримҳои Амрико қарор дорад.
“Толибон”* аз Русия кӯмак хостанд: Намояндагони ин гурӯҳ чӣ мехоҳанд?
"Мо нисбат ба даврони гузашта тағйир ёфтаем. Ҳоло “Толибон”* ба телевизион, телефонҳои мобилӣ, аксбардорӣ ва наворбардорӣ иҷозат медиҳанд, зеро ин барои мардум зарур аст ва мо ба ин ҷиддӣ муносибат диққат медиҳем. Ҳоло ба ҷои сад нафар мо метавонем бо миллионҳо нафар иртибот дошта бошем", - гуфт Таробӣ
Вай гуфт, ки агар ҷазоҳои исломӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сурат бигиранд, ба сокинон иҷоза дода мешавад, ки акс ва наворбардорӣ кунанд, то "таъсири боздоранда" -и он дар ҳама ҷо паҳн шавад.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст