ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Рустами Эмомалӣ ва Нурлан Нигматуллин зимни мулоқот дар Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро ҷузъи муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон арзёбӣ кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ, ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки муносиботи ду кишвар ба таври мунтазам рушду тавсеа меёбанд ва яке аз омилҳои калидии мусоидаткунанда ин муколамаи мунтазаму самимии сарони давлатҳо арзёбӣ шудааст.
Зикр шудааст, ки ду кишвар дорои фарҳангу арзишҳои маънавии умумӣ ва анъанаҳои деринаи ҳамҷаворӣ буда, ин ҳама барои афзоиши эҳтироми байниҳамдигарӣ мусоидат мекунад.
Манбаъ афзуд, ки Рустами Эмомалӣ дар мулоқот аз вазъи мураккаби сиёсиву низомии Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, таъкид намудааст, ки ин вазъи ҳоким дар давлати ҳамсоя барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари воқеӣ дорад.
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо ишора ба вазъияти кунунии ҷаҳон ва рӯйдодҳои минтақаӣ зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар бахши мудофиа ва амниятро таъкид намуда, афзуд, ки ҳалли қазияи Афғонистон аз омилҳои асосии таъмини амнияти минтақаӣ мебошад.
Дар мавриди бахшҳои дигар низ Рустами Эмомалӣ изҳор доштааст, ки Қазоқистон яке аз шарикони стратегии калидии Тоҷикистон буда, Душанбе дар таҳкими ҳамкории шарикӣ бо ин кишвар таваҷҷуҳи зиёд дорад.