ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Садамаи поси шаб дар роҳи мошингарди вилояти Суғд боиси фавти як мусофирзани 35-сола гашт.
Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳодисаи нохуш рӯзи 22-юми сентябр, соати 02:00 дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дод.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи 29-солаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён аснои ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳритӯс ба самти ноҳияи Дӯстӣ, дар ҳудуди деҳаи Бобоҷон Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад.
Зимнан ронанда ба қисмати қафои автомашинаи боркашони тамғаи "Шакман" бархӯрд.
Дар натиҷа як аз мусофирони дохили автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", зани 35-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва ду мусофири дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шуданд.