Русия

Эълони натоиҷи интихоботи Думаи давлатии Русия

Натиҷаҳои интихоботи моҳи сентябри Думаи давлатӣ эълон шуд ва Ҳизби "Русияи воҳид" раддаи аввал қарор гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Комиссияи марказии интихоботи Русия 100%-и ороъ дар интихоботи вакилони Думаи давлатиро ҳисоб кард, хабар медиҳад котиботи КМИР
Тибқи натиҷаҳои ниҳоӣ, Ҳизби "Русияи воҳид" (Единая Россия) аз феҳрасти аҳзоби ин кишвар 49,82% раъй касб кардааст. Тибқи ҳисобҳо, "Русияи воҳид" тақрибан 112 курсӣ аз феҳрасти умумии аҳзоби Русияро мегирад. Илова бар ин ин ҳизб дар 198 ҳавзаи якмандатӣ пирӯз шуд.
Афзоиши теъдоди раъйдиҳандагон дар интихоботи Думаи давлатии Русия дар Тоҷикистон
Дар маҷмӯъ "Русияи воҳид" аксарияти конститутсионӣ дар палатаи поёниро ташкил медиҳад, ки беш аз 300 курсӣ дар парлумонро шомил мешавад.
Ҳамин тариқ пас шумориши раъй натоиҷи умумии интихоботи парлумонии Русия чунин эълон шуд:
"Русияи воҳид" - 49,82%
Ҳизби коммунистӣ - 18,93%
Ҳизби либерал - демократӣ - 7,55%
"Русияи одил - барои ҳақиқат" - 7,46%
"Одамони нав" - 5.32%
Ҳамаи ин панҷ ҳизб ҳадди панҷдарсадӣ барои вуруд ба Думаи давлатиро гузаштанд.
Интихоботи Думаи давлатӣ чӣ гуна мегузарад: Назари нозирони байналмилалӣ - видео
Бино ба маълумоти пешакӣ, номзадҳои Ҳизби коммунистии Федератсияи Русия дар нуҳ ноҳия пирӯз шудаанд. Дар ҷои сеюм номзадҳои Ҳизби "Русияи одил - барои ҳақиқат" қарор доранд. Онҳо дар ҳашт ҳавза пирӯзӣ касб карданд.
Дар панҷ ҳавза номзадҳои худпешбаришуда, дар ду ҳавза номзадҳои Ҳизби либерал-демократӣ, дар сетои дигар номзадҳои аҳзоби "Родина", рушд ва платформаи шаҳрвандӣ пирӯз шуданд.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи Думаи давлатии Федератсияи Русия, даъвати ҳаштум тӯли се рӯз - 17, 18 ва 19 сентябр баргузор шуд.
Думаи давлатӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад: 225 вакил аз рӯйхати ҳизбӣ, 225 вакили дигар аз ҳавзаҳои якмандатӣ дар як давра интихоб мешаванд.