Путин гуфт, кӣ бояд Афғонистонро барқарор кунад

Амрико ва Паймони Атлантикаи Шимолӣ барои ба вазъи кунунӣ расидани Афғонистон посухгӯ ҳастанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои узви НАТО бояд қисми асосии харҷи барқарорсозии Афғонистонро бар дӯш гиранд. Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин зимни нишасти муштараки СҲШ ва СПАД изҳори назар кард.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, барои ба вазъияти кунуни расонидани Афғонистон маҳз Амрико ва Паймони Атлантикаи Шимолӣ посухгӯ ҳастанд.
Путин: "Толибон"* амалан тамоми Афғонистонро назорат мекунад, бояд ваъдаҳояшро иҷро намояд
"Қисми зиёди хароҷоти марбут ба барқарорсозии Афғонистон бояд ба дӯши Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои НАТО бошад, ки ин як чизи возеҳ аст, яъне ин ҷумҳуриҳо барои оқибатҳои даҳшатноки ҳузури тӯлонимуддаташон дар ин кишвар бояд посух бигӯянд", - гуфт Путин гуфт.
Раисҷумҳури Русия ба зарурати баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаи маблағҳое аз Кобул, ки хориҷ аз Афғонистонанд, ишора кард. Путин гуфт, набудани пул метавонад мақомоти Афғонистонро ба фурӯши маводи мухаддир ва аслиҳа водор созад.
Путин ишора кард, ки афғонистониҳо ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд ва ҳоло ҳар сокини сеюми кишвар аз дастрасӣ ба ғизо маҳрум аст.
Захарова: Ғарб бидуни Русия дар ҳалли фоҷеаи Афғонистон дасткӯтоҳ аст
Раҳбари Русия вазъи ин ҷумҳуриро "ниҳоят душвор" арзёбӣ кард. Ӯ таъкид кард, Федератсияи Русия манфиатдор аст, ки Афғонистон як давлати мустақил, бетараф, ягона ва демократӣ шавад.
Ёдовар мешавем, ки вазъ дар Афғонистон пас аз ғасби ҳукумати ин кишвар аз тарафи "Толинбон" буҳронӣ шудааст.
* - созмони террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.