ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, барои афғонистониҳое, ки ба Тоҷикистон паноҳ овадаанд, 160 ҳазор евра кумаки пулӣ ихтисос диҳад. Ин хабарро намояндагии ИА дар Тоҷикистон нашр намудааст.
Ба гузориши намояндагии ИА дар Тоҷикистон, маблағгузорӣ барои кумак ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вокуниш ба афзоиши хушунат дар Афғонистон, таҳрики мавҷи нави паноҳандагони афғонистонӣ ихтисос ёфтааст.
Гуфта мешавад, ин маблағ дар харидории маводи ниёзи аввал, аз ҷумлаи маводи ғизоӣ ва хаймаву дигар ашёи мавриди ниёзи паноҳандагон масраф мешавад.
Тибқи маълумоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, феълан ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон дастикам 5 ҳазор шаҳрванди Афғонистон паноҳ овардааст. Ин теъдод аз паноҳандагон давоми ҳамагӣ чанд ҳафтаи ахир аз тарси "Толибон"* ба Тоҷикистон омадаанд.
Дар ҳамин ҳол ИА ҳушдор медиҳад, ки то авохири соли ҷорӣ теъдоди паноҳандаҳои афғонистонӣ ба Тоҷикистон то 50 ҳазор нафар хоҳад расид.
* созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия.