ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Гулбуддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон мегӯяд, ки вуҷуди як ҷосус боиси эҷоди ҳарҷумарҷ дар Панҷшер шуд. Ба қавли ӯ, бидуни вуҷуди ҷосус ва робита бо хориҷ доштани силоҳ ба мизоне, ки дар Панҷшер ҳаст, имкон надорад. Ба ин хотир "пешравӣ ва мувафақияти "Толибон"* дар Панҷшер масъалаи бузург буд",- гуфтааст Гулбуддин Ҳикматёр дар суҳбат бо рӯзномаи “Daily Pakistan”.
Ҳикматёр афзуд, ки Афғонистон бояд як ҳукумати такҳизбӣ дошта бошад.
Ба гуфтаи ӯ, мардуми Афғонистон хушбахтанд, зеро онҳо ба ҳадафи бузург ноил шуданд.
“Дар ҳоли ҳозир "Толибон"* давлати муваққат эълон карда, чаро ки пас аз давлати қаблӣ бояд давлати ҷадид ҷои онро мегирифт. Мо мехоҳем ҳукумате дошта бошем, ки аз ҷониби мардум дастгирӣ ёбад, зеро ҳукуматҳое, ки бидуни машварат ташкил карда мешаванд, шикаст мехӯранд. Мо мехоҳем, ки давлат муттаҳид ва бо як ҳизб бошад”, - таъкид доштааст Гулбуддин Ҳикматёр.
Ҳикматёр ишора кард, ки ҳукумати собиқи Афғонистон мехост бо "Толибон"* ҷанг кунад ва маҳз ҳаминро ҳам нерӯҳои хориҷӣ мехостанд;
“Ҳизби исломӣ намехост бо мубориза бо Толибон* хато кунад. Мо бо нерӯҳои хориҷӣ ҷанги тӯлонӣ бурдем”, - афзуд ӯ:
Вай илова кард, ки як ҷосус Аҳмад Маъудро дар таҳаввулоти Панҷшер таҳрик мекард.
“Ӯ ҳамонест, ки курдҳоро дар Туркия таҳрик кард ва боиси нооромӣ дар Ироқ шуд. Теъдоди зиёди силоҳ ва муҳимот дар Панҷшер пайдо шуд; он қадар ки барои як кишвар кофӣ аст. Ҳоло чӣ гуна ин ҳама силоҳ ба Панҷшер расидааст? Ин як суол аст",-гуфт Гулбиддин Ҳикматёр.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнуъ аст