Аҳмад Масъудро ба парлумони Аврупо даъват карданд

Парлумони Аврупо Аҳмад Масъудро ҳамчун вориси падараш Аҳмадшоҳи Масъуд эътироф карда, ӯро ба Аврупо даъват намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд ба парлумони Аврупо даъват шудааст, хабар медиҳад ожонси хабарии "Aamaj News".
Ин манбаъ бо истинод ба Алӣ Майсам Назарӣ, сардори бахши равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат навиштааст, ки "парлумони Аврупо ба муборизаи қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳи Масъуд баҳои баланд дод ва пас аз 20 сол Аҳмад Масъуди хурдиро ҳамчун вориси ӯ эътироф кард".
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки вакилони парлумони Аврупо Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллиро ба парлумони Аврупо даъват кардаанд.
Исмоилхон: Аҳмад Масъуд танҳо нест!
Маврид ба зикр аст, ки Аҳмад Масъуд ҷабҳаеро раҳбарӣ мекунад, ки дар Панҷшер, танҳо вилояти озод аз сайтараи “Толибон” як муқовиматеро алайҳи ин гурӯҳ ба роҳ мондааст.
Ӯ ҳамагӣ 33 сол дошта, ба танҳоӣ алайҳи як гурӯҳи тундрав қад алам кардааст. Ҳоло ӯ дар Панҷшер қарор дошта, машғули мубориза бо “Толибон”* ва муттаҳидаш – “Ал-қоида”* – ву дигар созмонҳои террористии ҷаҳону минтақа аст.