ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Қаҳрамони дукаратаи олимпӣ, ки аз ӯ супермени варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ ном мебаранд, дар синни 66 дунёро падруд гуфт.
Тибқи иттилои Федератсияи умумирусиягии варзиши сабук, сабаби даргузашти Седих сактаи қалбӣ мебошад.
Рекорди ҷаҳонии варзишкори шӯравӣ дар гурзандозӣ 86,74 метрро ташкил медиҳад, ки соли 1986 дар Штутгарт гузошта шуда, то ҳанӯз бо гузашти 35 сол касе натавонистааст ба ин фосила гурз партояд.
Седих барандаи Бозиҳои олимпии 1976 ва 1980 шуда, инчунин медали нуқра дар соли 1988 - ро соҳиб шудааст. Ӯ инчунин як медали тилло ва як нуқра аз қаҳрамониҳои ҷаҳон ва се медали олимпиро аз қаҳрамониҳои Аврупо дошт.
Маълум аст, ки Седих аз аввали соли 1990 бо ҳамсари дуюмаш дар Порис зиндагӣ мекард. Ӯ ба ҳайси омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ дар макотибу коллеҷҳои Фаронса кор мекард.
Духтари Юрий - Алексия Седих қаҳрамони бозиҳои олимпии соли 2010 миёни ҷавонон дар риштаи гурзпартоӣ дар Сингапур мебошад. Ӯ аз номи Фаронса дар мусобиқаҳо иштирок мекунад.