ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Оқсойи Қирғизистон бо гумони гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ ҳафт нафар бистарӣ шуданд, хабар додаст 24.kg.
Гирифторони ин беморӣ асосан мардонанд, аммо чанд нафар зану кӯдак низ дар миёни онҳо ҳаст.
Манбаъ афзуд, дар беморон осори бемории сӯхтанӣ ошкор шуда, аллакай хулосаҳои ташхиси нафари аввал вуҷуди ин бемориро тасдиқ кардаст.
Қубаничбек Бектурдиев, як корманди Маркази ҷумҳуриявии қарантинии Қирғизистон изҳор дошт, ки феълан шаш нафар дар маркази тадовии умумиӣ қарор доранд. Ӯ афзуд, ки вазъи як нафари онҳо вазнини миёна буда, сиҳҳати нафарони дигар муътадил мебошад.
Инчунин муқаррар шудааст, ки ҳудуди 35 нафар бо беморон робита доштаанд ва барои пешгирӣ аз бемории сӯхтанӣ барои ҳамаи онҳо истеъмоли доруҳои зидди ин беморӣ тавсия шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ҳамаи бистаришудаҳо гӯшти гови беморро хӯрдаанд. Дар маҷмӯъ аз ин ғизо ҳудуди 50 нафар истеъмол кардааст.
Феълан маконе, ки гови бемор кушта шуд, бетонпӯш гардида, ин мавзеъ ба қайд гирифта шудааст.