ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Бино ба иттилои "The New York Times", халабонҳои омӯзишдидаи афғон, ки пас аз тасарруфи Кобул аз суйи "Толибон" ба Ӯзбекистон паноҳ бурдаанд, бо аъзои оилаи худ ба як пойгоҳи низомии ИМА дар АМА интиқол дода мешаванд.
Яке аз халабонҳо ба хабаргузории "Reuters" гуфтааст, ки раванди интиқоли онҳо ба Имороти Муттаҳидаи Араб дирӯз, якшанбе, оғоз шуд.
Интиқоли ин афрод бар асоси созишномаи байни ИМА ва Ӯзбекистон сурат мегирад.
Нашрияи "Wall Street Journal" рӯзи шанбе навишт, ки ду ҷониб ҳафтаи гузашта ба тавофуқ расидаанд.
Мувофиқи маълумоти "Wall Street Journal", халабонон ва оилаҳои онҳо дар маҷмуъ 585 нафаранд.
Гуфта мешавад, халабонҳо бо беш аз 20 ҳавопаймо ва чархбол аз "Толибон"* фирор кардаву дар Ӯзбекистон паноҳ бурда буданд.
Бо сабаби зарбаҳои сершумори артиши Афғонистон дар солҳои охир ба мавқеъҳои "Толибон"* ва талафоти зиёди ин гурӯҳ дар ин ҳамлаҳо ҷангҷӯён бисёре аз халабонони афғонро бо ташкили сӯиқасд куштанд.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки "Толибон"* барои баргардонидани халабонҳо ҳамроҳ бо чархболу ҳавопаймоҳояшон ба Ӯзбекистон фишор овардаанд.
* -