Намояндаи доимии Русия дар СММ: Толибон* ҳанӯз ҳукумати қонунии Афғонистон нестанд

Намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки давлати Толибон* дар Афғонистон занӯз тавасути касе ба расмият шинохта нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ таъкид доштааст, ки гурӯҳи Толибон*, ки қудратро дар Афғонистон ғасб карданд, ҳанӯз ҳукумати қонунӣ нестад.
"Ин гурӯҳ то ҳол аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст. Толибон* тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ҳанӯз ҳукумати қонунии Афғонистон нестанд", - посух дод Небензя ба суоли хабарнигорон, ки оё намаояндаи Толибон* дар СММ ҳузур хоҳад дошт ё на.
Дипломат рус ёдовар шуд, ки Русия назорат мекунад, ки Толибон* чӣ гуна кишварро идора мекунанд ва ба ваъдаҳои худро чигуна иҷро мекунанд.
Сардори Муқовимат ва "бачае аз Самарқанд": Солеҳи Регистонӣ кист?
Ба гуфтаи ӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ низ аз Толибон* назорат хоҳад кард, ки то куҷо онҳо ӯҳдадориҳояшонро иҷро мекунанд. Онҳо ваъда додаанд, ки бо терроризм мубориза мебаранд ва аз ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занон ҳимоят хоҳанд кард.
"Мебинем. Ҳоло баҳо доданд барвақт аст" - хулоса кард намояндаи доимии РУсия дар СММ.
Дар моҳи августи соли равон, дар пасманзари хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз минтақа, ҷангҷӯёни Толибон* тамоми шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол карданд ва эълон доштанд, ки ҷанги бистсола дар ин кишвар ба поён расид.
Чанде пеш намояндагони ин гурӯҳ ҳайати кобинаи навро эълон карданд, ки роҳбариашро Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки аз сӯи СММ зери таҳримҳо қарор дорад бар дӯш гирифт.
Покистон кумак ба Толибонро* барои ишғоли Панҷшер рад мекунад
Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари “Шабакаи Ҳаққонӣ”* , ки дар Амрико ҳамчун як гурӯҳи террористӣ эълон шуд ва ба рӯйхати таҳримҳои СММ шомил шуд, вазири корҳои дохилӣ таъйин шуд; барои дастгир намудани ин шахс Вашингтон даҳ миллион доллар ҷоиза таъйин намудааст.
Дигар вазифаҳои калидиро дар кобина ба намояндагони ин гурӯҳ дода шудааст. Толибон* борҳо изҳор доштаанд, ки аз ҷомеаи байналмилалӣ интизори эътироф, ҳамчун ҳукумати қонунии Афғонистон ҳастанд.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар бораи ҳукумати нави Афғонистон изҳор дошт, ки ташаккули кобина ҳанӯз ба охир нарасидааст, Маскав ин равандро пайгирӣ мекунад ва усия ҷонибдорӣ ҳимояи манофеъи тамоми қувваҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву қавмии Афғонистон аст.
* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст