ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Дар Русия сабабҳои маъмултарини манъи вуруди хориҷиён номбар шуд, хабар медиҳад РИА Новости.
Маълум шуд, ки аксар вақт Вазорати корҳои дохилии Русия вуруди шаҳрвандони хориҷиро барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии чандкарата, ки дар гузашта амалӣ шудааст, манъ кардааст.
Маҳз бинобар такрори қонуншикании маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия дар соли 2021 бисёр муҳоҷирон ба кишвар роҳ дода нашуданд.
Сабаби маъмулии манъи вуруд, аз ҷумла, вайрон кардани шартҳои муқарраршудаи будубоши муваққатӣ дар Русия будааст.
Вазорати корҳои дохилӣ хотиррасон кард, ки қонунгузории Русия барои манъи муваққатии вуруд ба ин кишвар 22 асос пешбинӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, қаблан хабар дода шуд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ қоидаҳои нави вуруд ба Русия ҷорӣ карда мешаванд.
Лоиҳаи нав ба бақайдгирии ҳатмии изи ангушт, аксбардорӣ ва муоинаи тиббии хориҷиёне, ки беш аз 90 рӯз дар Русия мемонанд, дахл дорад.
Бақайдгирии ҳатмӣ ва муоинаи тиббӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, ноболиғон ва пиронсолон - мардони аз 65 сола боло ва занони аз 60 боло татбиқ намегардад.
Чораҳои пешниҳодшуда ҳамзамон сатҳи бехатарии санитарию эпидемиологиро беҳтар намуда, инчунин аз пинҳон доштани маълумоти шахсии хориҷиён, аз ҷумла аъзои созмонҳои ҷиноӣ ҷилавгирӣ хоҳанд кард.