Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Талаботи нав барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия

Барои ворид шудан ба Русия, акнун бояд аз барномаи мобилии "Саёҳат бе COVID-19" (Путешествую без COVID-19) стифода кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки азми сафари Русия доранд, бояд аз барномаи мобилии "Саёҳат бе COVID-19" истифода баранд.
Қарори дахлдори Ҳукумати Федератсияи Русия аз 1 сентябр ба эътибор даромад.
Ин талабот ҳамчунин ба шаҳрвандони Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ки тавассути ҳавопаймо ба Русия сафар мекунанд, дахл дорад.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Феҳристи нави парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия нашр шуд
Бо истифода аз барномаи "Саёҳат бе COVID-19", шаҳрвандони хориҷӣ, ки мехоҳад ба Русия парвоз кунанд, озмоишгоҳи наздиктаринро барои супоридани санҷиши коронавирус пайдо мекунанд.
Ва ҳангоми убури сарҳад бояд рамзи QR -ро бо натиҷаи таҳлил нишон диҳанд.
Россотрудничество тартиби вуруди донишҷӯёни хориҷиро ба Русия шарҳ дод
Дар ҳамин ҳол, талаботи нав нисбати шахсоне, ки аз кишварҳои сеюм тавассути қаламрави ин давлатҳо меоянд, татбиқ намегардад, ба шарте ки онҳо натиҷаи манфии санҷиши ПСР пешниҳод кунанд.
Қайд карда мешавад, ки маълумоти кӯдакон ва пиронсолонро, ки смартфон надоранд, метавон дар як замима дар як дастгоҳ ҷойгир кард.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар озмоишгоҳҳои Суғд, барои додани маълумотномаи тиббӣ QR код насб мекунанд
Ёдовар мешавем, ки истифодаи ин замима барои шахсоне, ки аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё вориди Русия мешаванд, аз 25 июл ҳатмӣ шуд.
Маълумоти натиҷаи санҷиши коронавирус бояд мустақиман дар замима нишон дода шавад.
Ба Русия тавассути роҳи оҳан: қоидаҳои нави вуруд барои муҳоҷирон
Замимаи "Саёҳат бе COVID-19" аз ҷониби Бунёди ташаббусҳои рақамии Бонки Авруосиёии рушд сохта шудааст, то мардуми орӣ аз коронавирус дар кишварҳои узви ИИАО озодона ҳаракт кунанд.
Ин барномаро аз App Store ё Google Play боркашӣ кардан мумкин аст.