ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки тайи 20 сол то 2020-ум роҳбарии Маҷлиси миллиро ба уҳда дошт, медали ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатиро соҳиб шуд.
Ба гузориши аксии дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ, ки Убайдуллоевро дар мақоми шаҳрдории Душанбе ва роҳбари Маҷлиси миллӣ иваз кард, ҳамчунин бо мукоофти давлатӣ қадрдонӣ гардидааст.
Инчунин раиси Маҷлиси намояндагон, Маҳмадтоҳир Зокирзода бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ шудааст.
Дар феҳрасти собиқ роҳбарони парлумони Тоҷикистон, ки мукофоти давлатӣ гирифтаанд, Сайдулло Хайруллоев, раиси пешини Маҷлиси намояндагон, Абдулмаҷид Достиев, муовини раиси Маҷлис ва Амиршо Миралиев, собиқ ноиби аввали раиси Маҷлиси намояндагон мебошанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бо қадрдонӣ аз хизмати мақомдорони собиқу феълӣ 88 нафар бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, сарфароз гардиданд.