Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Халилзод: ҷанг дар Афғонистон поён ёфт

Намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон гуфт, ки афғонҳо акнун метавонанд пас аз хуруҷи комили нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, роҳеро барои роҳбарии комили кишвари худ интихоб кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон, дар посух ба хуруҷи охирин сарбози амрикоӣ гуфтааст, ки ҷанги Амрико дар Афғонистон ба поён расидааст: "Ҳоло вақти он расидааст, ки афғонҳо ояндаи худро муайян намоянд."
Намояндаи вижаи Амрико гуфт, ки афғонҳо акнун метавонанд пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, роҳеро барои роҳбарии комили кишвари худ интихоб кунанд.
Вай дар саҳифаи Твиттериаш навиштааст, ки бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва муттаҳидонаш афғонҳо имкони "тасмим гирифтан" хоҳанд дошт ва ояндаи кишварро мардуми ин кишвар муайян хоҳанд кард.
"Ин ҷанги тӯлонӣ муддати амрикоиҳо ва афғонҳоро иъбоди зиёди хубу бад шакл дод. Ба гуфтаи Румӣ, фарзанди машҳури Афғонистон, “Ин роҳи шумо ва фақат аз шумост. Дигарон шояд бо шумо бар он бираванд аммо ҳич кас онро барои Шумо нахоҳад паймуд” Афғонҳо ва амрикоиҳо ҳар кадом роҳи худжашонро хоҳанд паймуд”, - таъкид доштааст Халилзод.
Халилзод навиштааст: "Ҳоло Толибон* бо озмуне рӯ ба рӯ ҳастанд." Оё онҳо метавонанд кишвари худро ба ояндаи амн ва шукуфон роҳнамоӣ кунанд, ки дар он ҳама шаҳрвандон, ҳам мардон ва ҳам занон барои расидан ба потенсиали худ имконият дошта бошанд? "Оё Афғонистон метавонад зебоӣ ва қудрати гуногунрангии фарҳангӣ, таърихӣ ва анъанавии худро ба ҷаҳон муаррифӣ кунад?"
Суруд мехонанду тир мепаронанд: Толибон* хуруҷи амрикоиҳоро ҷашн мегиранд - видео
Бояд гуфт, ки охирин ҳавопаймои ИМА соати 00:00 ба вақти Афғонистон аз фурудгоҳи Кобул парвоз кард ва ин аз он шоҳидӣ медиҳанд, ки ҷанги 20-солаи Амрико дар Афғонистон хотима ёфт.
Расонаҳои байналмилалӣ дар нахустин дақоиқи бомдоди сешанбе гузориш доданд, ки охирин ҳавопаймои амрикоӣ лаҳазоти пеш фурудгоҳи Кобулро тарк карда то Афғонистон аз нерӯҳои ишғолгари хориҷӣ тахлия шавад.
* - созмони террористие, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст