Теъдоди қурбониёни таркишҳо дар наздикии фурудгоҳи Кобул меафзояд.
Беш аз 6 таркиш рӯзи 26 август дар Кобул рух дод. Тибқи маълумоти охирин, теъдоди кушташудагон аз сад нафар ва шумораи захмиён аллакай аз 1300 нафар гузаштааст.
Дар миёни кушташудагон хориҷиён, аз ҷумла низомиёни амрикоӣ низ ҳастанд.
Фурудгоҳи Кобул дар рӯзҳои охир ба як нуқтаи бениҳоят серодам табдил ёфтааст. Маҳз аз ҳамин ҷо сокинони маҳаллӣ ва хориҷиёне, ки мехостанд Афғонистонро тарк кунанд, интиқол дода мешаванд.
Дар пушти ҳамлаҳои Кобул кӣ меистад? Интиқоме, ки Байден ба Афғонистон барои марги амрикоиҳо ваъда додааст, чӣ таъсире хоҳад дошт? Ҷабҳаи муқовимат ва мухолифони Толибон* дар аанҷшер чӣ омконот доранд?
Тафсилоти бештарро аз навор дарёфт кунед.
* - созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнуъ аст