ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ахиран зимни як ҷаласа таъкид дошт, ки ҳоло дар бозори сайёҳии Тоҷикистон беш аз 230 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад.
Ҳамзамон зимни ин ҷаласа раиси Кумита ба роҳбари як ширкати навтаъсиси “Шумон” Бахтовар Аминзода иҷозатномаи фаъолиятро супурд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумита.
Гуфта шудааст, ки ширкати “Шумон” дар шаҳри Ҳисор таъсис ёфта, ҳадафи он рушди сайёҳии дохилӣ бо фарогирии сайёҳии табобатӣ, фарҳангӣ, аграрӣ ва экологӣ мебошад.
Роҳбари ширкати “Шумон” таъкид доштааст, ки ҳоло барои тавсеа додани равобит бо як ширкати ӯзбекистонӣ вориди гуфтушунид шудааст.
“Дар оянда ният дорем ҳамкориро бо ширкатҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ, хусусан давлатҳои Осиёи Марказӣ, тавсеа бахшем. Алҳол бо яке аз ширкатҳои сайёҳии Ӯзбекистон – “Самарқанд тревел” вориди гуфтушунид шудаем”, - зикр кардааст роҳбари ширкати сайёҳии “Шумон” Бахтовар Аминзода.
Инчунин, Кумитаи рушди сайёҳӣ, инчунин, хабар додааст, ки муҳлати фаъолияти ширкати “Вояж тур” - ро низ тамдид намуд.