ДУШАНБЕ, 27 авг – Sputnik. Содир Ҷабборов зимни сафараш ба Бодканд аз маҳаллаҳое боздид намуд, ки дар даргирии мусаллаҳонаи марзӣ бо Тоҷикистон зарар дида буданд.
Раисиҷумҳури Қирғизистон дар деҳаи Мақсад бо сохтмони иншооти иҷтимоӣ шинос шуда, аз ҷумла аз бинои навбунёди милиса, нуқтаи тиббӣ, мактаб ва майдони футбол боздид кард.
"Ба раисиҷумҳур иттилоъ доданд, ки деҳа бо таъмин гардида, 11 километр роҳ асфалтпӯш шудааст. Кӯчаҳо чароғон шуда, интиқоли оби гарму хунук ба кӯдакистони бунёдшаванда идома дорад", - навиштааст дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон.
Дар майдони нави футбол Ҷабборов шахсан бо аъзои тими наврасони маҳаллӣ бозӣ кардааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд.
Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар тирпарронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гуруҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.
Ин ду кишвар беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо боиси муноқиша шудааст.