ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Ин фардро “Махдум Қорӣ Фасеҳуддин” ва “масъули қитъаи хоси Иморати исломӣ дар Панҷшер” муаррифӣ мекунад ва ӯро “фотеҳи Шимол” мехонад. Ин лақаб ҳам ба ин хотир аст, ки маҳз нерӯҳои таҳти фармони ӯ аз нерӯҳои ҳукумати Ашраф Ғанӣ, қариб ки бидуни ҷанг, вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистонро таслим гирифтанд.
Намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки бо Қорӣ Фасеҳуддин дар ҷанганд, ӯро “ғуломбачаи Толибон*, аз он зумра афроде мешуморанд, ки дар хизмати аҷнабиён қарор гирифта, мехоҳанд ватани худро пойандоз ва миллати худро ғуломи онҳо кунанд.
Аммо ин фард кист?
Тоҷики толиб*
Онҳое, ки каму беш аз фаъолиятҳои Қорӣ Фасеҳуддин огоҳанд, мегӯянд, ӯ тоҷик, беш аз 50 – сола ва зодаи вулусволии Вардуҷи вилояти Бадахшони Афғонистон аст. Дар замони ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ аз саргуруҳҳои Сайид Наҷмиддини Восиқ, фармондеҳи Ҷамъияти исломии таҳти амри Бурҳонуддин Раббонӣ ва Шӯрои наззори Аҳмадшоҳи Масъуд буд.
Восиқ дар замони ҷангҳои дохилии аввали солҳои 90 – и асри гузаштаи Афғонистон дар пайи як тавтиа аз сӯи ду фармондеҳи Ҳаракати исломии Абураб Расули Сайёф дар Бадахшон кушта шуд. Фармондеҳии нерӯҳои ӯ ба дасти писараш гузашт, ки баъдтар аксарият ба Толибон* пайвастанд ва яке ҳам Қорӣ Фасеҳуддин буд.
Ӯ як муддат дар мадориси Покистон омӯзиш дида, гирифтори ақидаҳои ифротӣ шуд ва мавриди таваҷҷуҳи истихбороти он кишвар қарор гирифт. Пас аз ишғоли Афғонистон аз сӯи Амрико ва НАТО ӯро Қорӣ Динмуҳаммад Ҳаниф, фармондеҳи Толибон* дар шимоли Афғонистон, ба раҳбарияти ин гуруҳ муаррифӣ кард.
Қорӣ Ҳаниф, зодаи вулусволии Яфтали Бадахшони Афғонистон, ягона тоҷик ва ғайрипаштуни баландпояи Толибон*, дар ҳукумати онҳо (1996 – 2001) вазири плон ва таҳсилоти олӣ буд. Ӯ соли 2013 дар қатори даҳ раҳбари толиб дар Дафтари Қатари “Толибон” низ муаррифӣ шуд.
Ба ҷуз Ҳанифу Фасеҳуддин шахсе ба номи Паҳлавон Шамсиддин аз вулусволии Кишм, яке дигар аз “толибтоҷикон”-и Афғонистон аст, ки ҳоло вазири адлия дар ҳукумати нави Толибон* таъйин шудааст. Як нафари дигар Мавлавӣ Фаттоҳ, низ яфталӣ ва собиқ “ҷамъиятӣ”, дар замони ҳукумати “Толибон” фармондеҳи ин гуруҳ дар Бадахшон ба ҳисоб мерафт.
Масъули ҷанги Панҷшер
Қорӣ Фасеҳуддин бо миёнҷигарии Ҳаниф пас аз соли 2010 фармондеҳии Толибон* дар Бадахшон, як муддат волии номниҳод ё соягии ин гурӯҳ дар Бадахшонро камоӣ кард. Шуруъ аз он замон гуруҳи ӯ даҳҳо корманди пулису урдуи Афғонистон дар вулусволиҳои мухталифи Бадахшонро кушта, дар як амалиёт 8 сарбозро низ сар зад. Соли 2015 дар пайи як амалиёти муштараки НАТО ва ниҳодҳои амниятии Афғонистон гузоришҳо пахш шуданд, ки ӯ кушта шудааст. Баъдтар ин хабарро худи ӯ такзиб кард. Боҷгириву андозбандиҳои мардум ва тоҷирону қочоқбарони маводи мухаддиру лоҷуварди Бадахшон аз сӯи ӯ як қиссаи дигар аст.
Аввалҳои соли равон Фасеҳуддин ба шаҳри Доҳаи Қатар, дафтари сиёсии Толибон*, даъват шуд ва раҳбарии ин гуруҳ ӯро фармондеҳи зун ё минтақаи шимолу шарқ – вилоятҳои Кундуз, Тахор, Бадахшон ва Бағлон, инчунин узви Шӯрои низомии Толибон таҳти раҳбарии Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузори ин ҳаракат таъин намуд ва Мавлавӣ Амонуддин, низ зодаи Вардуҷ, волии Бадахшон гумошта шуд.
Маҳз бо талошҳои ин ду чанде қабл ҳамшаҳриву рақибашон - Ҳабиби Вардуҷӣ, фармондеҳи хезишҳои мардумии зиддитолиб дар Бадахшон, дар Кобул аз сӯи ҷангиёни толиб гирифтор ва зиндонӣ шуд. Сарнавишти ӯ маълум нест.
Зоҳиран, далели умдаи вогузории ҳамлаи Панҷшер ба Фасеҳуддин ин аст, ки ӯ фармондеҳи манотиқи шимолу шарқӣ, вилоятҳои ҳаммарз бо ин дараи афсонавӣ аст. Аз сӯи дигар, ба ҷанги Панҷшер, дараи тоҷикнишин эъзом шудани як тоҷик бо нерӯҳояш, ки низ аксари кул тоҷиканд, далоили сиёсӣ ҳам дорад ва ҳоҷат ба шарҳаш нест.
Дар як сабти садоии суҳбати Фасеҳуддин бо Мулло Қаюм Зокир, вазири дифоъи Толибон*, ки аз манобеъи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар дастраси Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, ӯ гузориш медиҳад, ки нерӯҳои таҳти фармонаш дар Гулбаҳор, Тангии Панҷшер ва Дарвозаи Тоҷикон (вилояти Парвон) мавқеъ гирифтаанд. Дар як акси дигар ҷангиёни ӯ дар наздикиҳои кӯтали Ховок гӯё қарор доранд.
Аммо ҷанге, ки таҳти фармони ӯ дар минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ чанд рӯзи пеш иттифоқ афтод, барояш бо нокомӣ анҷомид. Аввал се вулусволиро аз даст дода, бо кӯмаки нерӯҳое аз Кобул онҳоро бозпас гирифт, аммо як рӯз нагузашта, нерӯҳои расида аз Панҷшер ӯро аз панҷ вулусволӣ ронданд. Ҳоло Андаробҳо таҳти назорати нерӯҳои Муқовимат ҳастанд.
Омили минтақаӣ
Қорӣ Фасеҳуддин беш аз ҳазор ҷангии хориҷиро, ки дар вилоятҳои Тахору Кундузу Бадахшон мустақаранд ва дар созмонҳое, назири “Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Лашкари тайиба”, “Ал-қоида”, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ (Чин) ва ғайра узвият доранд, низ фармондеҳӣ мекунад. Дар як мусоҳибааш бо радиои “Ҷундуллоҳ” – и Толибон* ӯ гуфта буд, ки аксари онҳо “муҷоҳидини Мовароуннаҳр”, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиянд.
Бино ба иттилои мувассақ, ҳудуди 50 шаҳрванди Тоҷикистон дар вулусволии Дарқади вилояти Тахор, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, пойгоҳи мустақиле доранд ва шуғли асосии онҳо омода кардани бомбаҳои худсохт барои “фидоиён” ё худкушҳо ва дигар амалиётҳои ҷангӣ аст.
Як афсари сипоҳи коммандои 207 – и “Помир” – и урдуи дарҳамшикастаи Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ду моҳи қабл, замоне, ки дар вулусволии Хинҷони вилояти Бағлон нерӯҳои Толибон* – ро торумор карданд, бо аҷсоди хориҷиёне бархӯрданд, ки шаҳрвандии Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Покистонро доштанд.
“Он замон ман хостам, ки ному насаби онҳоро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кунам, аммо аз Раёсати амнияти миллӣ тақозо карданл, ки аз ин кор даст бардорам. Тамоми асноду шавоҳид ва ҳатто ҷасади ҳудуди 20 хориҷиро ба Кобул интиқол доданд. Се нафареро, ки захмӣ ба асорат афтоданд, вақте бозрасӣ кардем, гуфтанд, аз Қорӣ Фасеҳуддин фармон мебаранд”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, фармондеҳии нерӯҳои Толибон* ва ҷангиёни хориҷӣ дар ҷуғрофиёе, ки бо Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ марзи муштарак дорад, Қорӣ Фасеҳуддинро ба як “омили минтақаӣ” табдил медиҳад. Ин ҳам аз он вобаста аст, ки ӯ то куҷо дар ҷанги Панҷшер муваффақ мешавад ё аз он зинда берун хоҳад омад ё хайр ва аз ҳама муҳим, то куҷо дар барномаҳои оянда низ ба дарди пуштибонони хориҷии “Толибон” хоҳад хӯрд.
Ғуломбача
Яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки дар замони ҷиҳоду муқовимат дар канори Аҳмадшоҳ Масъуд меҷангид, Қорӣ Фасеҳуддин ва амсоли ӯ "толибон*-и тоҷик” – ро авомиле меҳисобад, ки дар хидмати аҷнабиён ва душманони дохилӣ қарор доранд.
“Мо ин қабил афродро “ғуломбача” мехонем. Толибон* – и паштун мехоҳанд бар сарзамин ва фарҳанги тоҷикон тасаллут дошта бошанд. Фасеҳуддин ва амсоли ӯ ба онҳо дар ин амр кӯмак мекунанд. Яке то дирӯз дар хидмати Ашраф Ғанӣ буд, ҳамеша ӯро ба ҳамла ба Панҷшер ташвиқ мекард ва даҳҳо ҷавони панҷшериро ба зиндон андохт. Қорӣ Фасеҳуддин айни чунин як инсони худбохта аст, ки дар хизмати Покистон ва “Толибон” қарор гирифтааст ва рӯзе, ки вазифаашро анҷом дод, ба ҳисобаш хоҳанд рафт”, - гуфт ӯ.
Як мансабдори собиқи бадахшӣ, ки дар Кобул зиндагӣ мекунад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, “толибон*-и тоҷик”, дар умум ғайрипаштун ва хориҷиҳо, бештар нақши ҷангӣ, маҳаллӣ ё “чӯби сӯхт” - ро доранд ва аз салоҳияти тасмимгирӣ маҳруманд. Ба қавли ӯ, вақте Кобул суқут кард, Қорӣ Фасеҳуддин худро ба ин шаҳр расонд, аммо ду рӯз дар банди Толибон* буд, зеро падидаи “толиби тоҷик” барои толибон*-и паштун як амри боварнакарданӣ аст.
“Фасеҳуддин ва афродашро аз ҳар дарвоза, ки вориди Кобул мешуданд, толибҳо аз сар то пой талошӣ (тафтиш) мекарданд. Толибон*-и лугарӣ дар соҳаи Гулбоғу Ришхӯр ва толибон*-и вардакӣ дар шаҳри Кобул бо толибон*-и бадахшӣ бадрафторӣ карда, ҳатто шаш нафари онҳоро ба ҳалокат расонданд. Фасеҳуддин ин мавзуъро бо раҳбарони Толибон* ба миён гузошта, таҳдид мекунад, ки агар ин бадрафторӣ такрор шавад, минтақаи шимолу шарқро худмухтор эълон хоҳад кард”, - гуфт ӯ.
Қорӣ Фасеҳуддин бо миёнҷигарии Паҳлавон, ҳоло Мавлавӣ Шамсиддини Бадахшонӣ - вазири адлияи Иморати исломӣ, аз зиндон раҳо шуда, ба ӯ хонаи маршал Абдурашид Дӯстум дар соҳаи Ширпури шаҳри Кобулро низ ҳадя шудааст. Вай баъд аз раҳоӣ тамоми толибон*-и бадахширо аз Кортаи Парвон ва Парвони севум ҷамъ карда, ба тарафи Бағлон меравад, то ҷанг алайҳи Панҷшерро сарварӣ кунад.
Ӯ ба муқобили Аҳмад Масъуд, шахсе меравад, ки замоне аз падараш – Аҳмадшоҳи Масъуд фармон мебурд. Ӯ алайҳи ҳамқавмон ва ҳамсангарони собиқи худ вориди ҷанг мешавад, дар ҳоле ки Толибон* дар Кобул миёни худ курсӣ тақсим мекунанд. Ин ҳам шояд сарнавишти як нафарест, ки дар Афғонистон “ғуломбача” – аш мехонанд.
* - Созмони мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон