Таҳдиди Толибон* ба ИМА дар сурати то охири август берун наовардани нерӯҳояш

Толибон* таҳдид карданд, ки агар ИМА то охири август нерӯҳояшонро хориҷ накунад, алайҳашон иқдом, аз ҷумла чораҳои низомӣ роҳандозӣ хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Толибон* ба Вашингтон таҳдид кард, ки дар сурати нақзи муҳлати хориҷ кардани нерӯҳо алайҳашон чораандешӣ хоҳанд кард, изҳор доштааст сухангӯи ин ҳаракат, Суҳайл Шоҳин, дар суҳбат бо РИА Новости.
Ӯ афзудааст, ки нақзи муҳлати берун овардани нерӯҳо, вокунишҳо дар тамоми шаклҳо, аз ҷумла дар шеваи низомиро дар пай дорад.
Охирин хабарҳо аз Панҷшер: "аз Душанбе силоҳ нагирифтаем"
Суҳайл Шоҳин тавзеҳ дод, ки агар ИМА бори дигар берун овардани нерӯҳояшро мутаваққиф кунад, Толибон* ин амалашонро ҳамчун ғасби қаламрави кишвар арзёбӣ хоҳанд кард.

"Ҳама медонанд, ки агар ғасби қаламрави давлат ҷой дошта бошад, ҳатман вокуниш дар пай дорад", - таъкид намудаст Шоҳин.

Ҷангиёни Толибон* дар пайи оғози берун овардани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон босуръат қаламрави ин кишварро ғасб карда, 15 август вориди Кобул шуданд. Раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ тарки кишвар карду ноиби аввалаш Амруллоҳ Солеҳ дар Панҷшер, ягона музофоти берун аз тасаллути Толибон* худро роҳбари муваққатии давлат эълон карда, ба нерӯҳои муқовимат пайваст.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар