ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Мақомоти "Толибон" (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) эълон карданд, ки нақша доранд, Сарқонуни Афғонистонро ислоҳ кунанд.
"То замони баргузории интихобот, кори зиёдеро анҷом додан лозим аст. Аз ҷумла бояд Сарқонуни нав қабул шавад. Қонуни кунунӣ ба шароити имрӯза мутобиқ нест", - гуфт намояндаи дафтари сиёсии Толибон* дар Қатар Муҳаммад Суҳайл Шоҳин.
Ба гуфти Толибон*, қабл аз қабули маҷмӯи қонунҳои нав, вазъро дар кишвар ба танзим дароварда, ниёзҳои мардумро қонеъ карда, холигии сиёсиро бояд рафъ намуд.
Ҳамчунин, намояндагони Толибон* дар мусоҳиба бо расонаҳо қайд карданд, ки масъалаи ҳукумати Афғонистон ба зудӣ ҳал хоҳад шуд.
Як манбаи Associated Press гуфтааст, ки Толибон* то 31 август дар бораи ҳукумат тасмим нахоҳанд гирифт.
Ин мақомдори афғон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки ин шартҳо ҳангоми музокирот бо намояндагони ИМА дар Кобул гузошта шуда буданд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар