ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Гурӯҳи эестремистии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия - Толибон, ки қудратро дар Афғонистон ба даст оварданд, занонро ба иштирок дар идораи ҷумҳурӣ даъват карданд.
Дар ин бора шабакаи телевизионии Al Hadath бо истинод ба намояндагони ҷангҷӯён хабар додааст.
Толибон занонро ба ҳукумати оянда даъват карданд. Ба гуфтаи радикалҳо, онҳо намехоҳанд, ки занон худро дар зулмат ва дар мақоми қурбонӣ эҳсос кунанд.
Қаблан ҷангҷӯён ба барқарор кардани тартибот дар Кобул шурӯъ карданд. Онҳо аз сокинон даъват карданд, ки ба кор ва тиҷорат баргарданд ва аз Толибон натарсанд.
Ба гуфтаи намояндагони ҷунбиш, онҳо намехоҳанд ҳуқуқи одамони дигарро поймол кунанд.
Пӯшидани чодар барои занҳо барои бозгаштан ба машғулиятҳои қаблӣ як талаботи ҳатмӣ шудааст.
Ҳамзамон радикалҳо ба онҳо имкон доданд, ки дар соҳаи ВАО кор кунанд. Ҳамин тавр, хабарнигори телевизиони Tolo News бо намояндаи Толибон дар бораи вазъи кунунии Кобул мусоҳиба кардааст.
Ёдовар мешавем, ки пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон дар соли 1996, радикалҳо кори киро кардани занонро манъ карданд, духтарон танҳо то ҳаштсолагӣ таҳсил карда метавонистанд.
Сипас ба онҳо манъ карда шуд, ки бидуни ҳамроҳии хешовандони мард аз хона берун раванд, дар балконҳо ҳозир шаванд ва инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сӯҳбат кунанд.
Ҳамчунин ба занон иҷозати пӯшидани ҷавоҳирот, пойафзоли пошнаи баланд ва либоси кушод дода намешуд. Риоя накардани ин тартибот боиси муҷозоти шадиди занон мешуд.