ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Расонаҳои Украина хабар додаанд, ки ҳавопаймоҳои кишвар 80 нафарро аз Кобул берун бурдааст.
Гуфта мешавад, дар миёни онҳо шаҳрвандони Украина, Ҳолланд, Хорватия, Беларус, Афғонистон ва Тоҷикистон ҳастанд.
Интизор меравад, ки як ҳавопаймои дигар ба Кобул фиристода шавад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин маълумотро феълан тасдиқ накардааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба гузориши шабакаи телевизиони "Украина 24", дувоздаҳ низомии ин кишвар дар Афғонистон мондаанд.
Наздикони яке аз низомиён гуфт, ки намояндагони Толибон (ҳаракати террористӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) аллакай ба назди сарбозон омадаанд, силоҳҳои онҳоро гирифтаанд ва ба онҳо маслиҳат медиҳанд, ки аз маҳалли ҷойгиршавӣ тарк накунанд.
Ҳамчунин, шаҳрвандони Гурҷистон, Руминия ва Булғористон дар қаламрави пойгоҳи низомии собиқи Амрико дар Кобул паноҳ бурдаанд.