Байден иштибоҳи асосии Амрико дар Афғонистонро гуфт

Вазъи Афғонистон роҳбари Кохи сафедро нигарон кардааст, аммо ӯ аз хуруҷи нерӯҳояш аз инкишвар пушаймонӣ надорад
Sputnik
Душанбе, 17 авг - Sputnik. Тадбирҳои ИМА дар мавриди ташкили як артиши омодаи ҷанг ноком шуданд. Дар ин бора роҳбари раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден зимни паёми телевизионӣ ба миллат изҳор дошт.
Ба гуфтаи оқои Байден Амрико барои омӯзиши артиши Афғонистон триллионҳо доллар сармоягузорӣ кардааст ва силоҳ додааст. Аммо, ягона коре, ки ИМА карда наметавонист, ин ба артиш додани иродаи ғалаба буд. Артиш пора пора шуд мақомот таслим шуду фирор кард.
Раҳбари Кохи Сафед бори дигар таъкид кард, ки ҳадаф аз вуруди нерӯҳои амрикоӣ ба Афғонистон пешгири аз ҳамлаҳои террористӣ дар ИМА буд, ва ин кишвардар ин роҳ муваффақ шудааст.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Намояндаи доимии Русия дар СММ: ҷангҷӯён метавонанд аз Афғонистон ба Осиёи Миёна биёянд
Роҳбари давлат аз қарори худ дар бораи хориҷ кардани сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон пушаймонӣ надорад, аммо вазъи кунунӣ ӯро нигарон кардааст.
"Роҳбарони сиёсии Афғонистон натавонистанд ба хотири манфиати мардуми худ муттаҳид шаванд ва дар бораи ояндаи кишвари худ музокира кунанд. Ҷаноби Ғанӣ итминон дода буд, ки сарбозони афғон меҷанганд, аммо ӯ иштибоҳ кардааст", - гуфт Байден.
Вай таъкид кард, ки ҳузури минбаъдаи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон шиддати муноқишаро шадидтар мекард ва нирӯ ва василаҳои иловагиро талаб мекунад. Раҳбари Кохи Сафед бар ин бовар аст, ки сарбозони амрикоӣ набояд дар ҷанге бимиранд, ки нерӯҳои афғон намехоҳанд дар он ширкат намоянд.
Байден қайд кард, ки ҳангоми таҳдидҳо ба ин кишвар, Амрико амалиёти зиддитеррористиро дар Афғонистон ва дар саросари ҷаҳон, ҳатто бидуни ҳузури доимӣ анҷом медиҳад.
"Қарори ман мавриди интиқод қарор хоҳад гирифт. Барои ман ин беҳтар аст, то ин тасмимро бар уҳдаи дигар раисҷумҳур гузорам", - гуфт президенти ИМА.
Пешниҳоди намояндаи Афғонистон дар СММ: ҳукумати нави Толибонро ба расмият нашиносед
Вай инчунин қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида минбаъд ҳам мардуми Афғонистонро дастгирӣ мекунад, дипломатияи минтақавиро ташвиқ медиҳад ва ҳуқуқи инсонро ҳимоят хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи тундгарои Толибон (мамнӯъ дар Русия), ки дар Афғонистон қудратро ба дасти худ гирифтанд, дар баробари хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз ин кишвар ба ҳамлаи тамоми манотиқи ин кишвар оғоз карданд.