ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида пас аз хуруҷи сарбозонаш аз Афғонистон Ӯзбекистонро ба ҳайси як макони мақбултарин барои ҷойгиркунии нерӯҳояш арзёбӣ мекунад.
Музокироти дуҷониба оид ҷойгир намудани нерӯҳои ҳавоии ИМА дар пойгоҳи ҳавоии Қарши-Хонободи Ӯзбекистон барои "дастгири"-и ҳукумати кунунии Кобул идома дорад. Нархҳо боло рафта истодаанд. Қарори мусбат аз ҷолиб будани пешниҳодҳои Амрико, аз шакли рафъи мамнӯъияти сарқонуни Ӯзбккистон, мавқеи СПАД ва Русия вобаста аст.
Дар заминаи муваффақиятҳои бузурги Толибон* пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, ҳамкориҳои низомии Тошканд ва Вашингтон тақвият меёбад. 12 август як мақомдори ҳукумати Ӯзбекистон ба маҷаллаи US Air Force гуфт, ки музокирот дар бораи мустақар кардани нирӯҳои ҳавоии ИМА дар як пойгоҳи Ӯзбекистон идома дорад.
Пас аз оғози амалиёти зиддитеррористии ИМА дар Афғонистон дар соли 2001, нерӯҳои амрикоӣ то соли 2005 аз пойгоҳи ҳавоии Қарши-Хонобод дар ҷанубу шарқи Ӯзбекистон бомуваффақият истифода мекарданд. Нерӯҳои махсуси Пентагон низ тақрибан 1000 нафар аз дивизияи 10 -уми кӯҳӣ дар он ҷо ҷойгир шуда буданд. Барои истифодаи ин пойгоҳ Амрикоиҳо дар як сол дар ҳаҷми 10 миллион доллар иҷорапулӣ пардохт мекарданд.
Тибқи иттилои маҷаллаи Air Force, имрӯз 60-умин бригадаи ҷудогонаи нерӯҳои ҳавоии Ӯзбекистон дар Қарши-Хонобод ҷойгир аст, яъне тамоми инфрасохтори зарурӣ барои парвозҳо мавҷуд аст. Масофа то сарҳад бо Афғонистон - тақрибан 140 км аст - минтақаи кофии амниятиро фароҳам меорад ва имкон медиҳад, ки барои зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои Толибон* вақ ва сӯзишвории камтар масраф шавад.
Аммо бозгашти ҳавопаймоҳои низомии ИМА ба Ӯзбекистон осон нахоҳад буд. На танҳо ба хотири рӯйдодҳои фаромӯшношудаи Андиҷон 12-13 майи соли 2005, иштироки шахсии як қатор сенаторҳои амрикоӣ ва Нерӯҳои Ҳавоӣ ба корҳои кишвари мустақил.
Конститутсия ва доктринаи низомӣ иҷозат намедиҳад, ки нерӯҳои хориҷӣ дар қаламрави Ӯзбекистон ҷойгир шаванд. Илова бар ин, дар Осиёи Марказӣ як низоми муайяни амниятӣ ташаккул ёфтааст, ки дар он ҳар кишвар ҳиссаи масъулият ва ӯҳдадориҳои худро дар назди эътилоф ва шарикони стратегӣ, аз ҷумла Русия бар дӯш дорад.
Ҳузури низомӣ дар минтақа Иёлоти Муттаҳида, ки Русияро то соли 2030 рақиби асосӣ эълон кардааст, ба манфиатҳои амнияти миллии Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Ӯзбекистон ва Туркманистон ҷавобгӯ нест.
Сипари марзӣ
Дар даҳаи аввали моҳи август нерӯҳои мусаллаҳи Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар майдонҳои машқии Термиз ва Ҳарб -Майдон дар наздикии марз бо Афғонистон бо ҷалби нирӯҳои вижа, мошинҳои зиреҳпӯш, тӯпҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ машқҳои низомӣ анҷом доданд.
Бояд гуфт, ки Ӯзбекистон барои баргаштан ба СПАД шитоб надорад, вале метавонад ҳар вақти дилхоҳ баргардад.
Қариб дар як вақт ва бо таваҷҷӯҳ ба вазъи Осиёи Марказӣ, рӯзҳои 10-12 август дар Қӯрғон машқҳои муштараки нерӯҳои сарҳадии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар машқҳо ҳамлаи ҳавои, машқҳои тактикӣ, истифодаи паҳподҳо ва дигар амалиётҳои бомуваффақият анҷом доданд. Машқҳои "Иттиҳод-2021" ба таҳкими низоми ягонаи ҳифзи марзҳои беруна ва баланд бардоштани амнияти кишварҳои ИДМ мусоидат мекунад.
Қаблан мутахассисони рус (беҳтарин афсарони Ҳавзаи маркази низомии таҷрибадори ҷангӣ дар Сурия) беш аз 300 низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистонро дар майдонҳои машқии Термиз ва Сазаган таълим доданд.
Ӯзбекистон ва Русия ҳар сол беш аз 70 малаиёту машқҳои муштарак мегузаронанд. Ҳамкориҳои низомии Тошканд ва Маскав муҳимтарин омили нигоҳ доштани суботи минтақавӣ мебошанд.
Шиддати ҷангӣ дар Афғонистон, нақшаҳои сохтани "аморат" нави Толибон* - мавқеъҳои сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ва Русияро ба ҳам наздик мекунад. Ниҳодҳои низомии ду кишвар рӯзи 28 апрел бори аввал Барномаи шарикии стратегиро дар соҳаи низомӣ барои солҳои 2021-2025 имзо карданд.
Барномаҳои дуҷониба оид ба таъмини амнияти низомӣ, муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва таҳкими иқтидори ҷангии Ӯзбекистон мебошанд.
Дар доираи васеи ҳамкорӣ, Тошканд аз Русия барои худ ҳавопаймоҳои муосири зарбазан, беҳтарин низоми дифоъи зидди ҳавоӣ, мошинҳои зиреҳпӯш ва муассирро харидорӣ мекунад.
ИМА ба Ӯзбекистон чӣ пешниҳод карда метавонад?
Нақшаҳои эҳтимолӣ
Вазири дифои Амрико Ллойд Остин ва Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Ӯзбекистон дар музокироти 1 июл ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризмро баррасӣ карданд ва шарикии стратегии амниятии ду кишварро тасдиқ карданд. Ҳамзамон Остин қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамкориро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ "барои ҳалли мушкилоти умумии амниятӣ" идома хоҳад дод.
Мушкилоти умумӣ Афғонистон аст. Як мақоми низомии Ӯзбекистон гуфтааст, ки санаи 1 июл Остин ва Камилов ҳамчунин дурнамои ҷойгир кардани ҳавопаймоҳои низомии ИМА дар Ӯзбекистон, ки барои "боздоштани" Толибон*-ро баррасӣ кардаанд.
Ҳарчанд қаблан дар Тошканд, як намояндаи расмии Вазорати дифои Ӯзбекистон рӯирост гуфта буд: “Дар санадҳои асосӣ дар соҳаи амният посухҳои дақиқу рушан аст: роҳ надодан ба пойгоҳҳои низомӣ ва иншооти хориҷӣ дар қаламрави кишвар”.
Яъне, дар моҳи май ҷавоби манфӣ гирифта, амрикоиҳо пайваста ба ҷустуҷӯи роҳҳои дигар шуданд то барои раҳбарияти Ӯзбекистон рад мушкил шавад.
Манфиатҳои бузурги шарикӣ бо Гвардияи Миллии Миссисипи, машқҳои муштараки Southern Strike бо иштироки халабонони ӯзбек ва ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти низомӣ байни Ӯзбекистон ва ИМА таъкид шудаанд. Илова бар ин, Амрико аз замони ба даст овардани истиқлолият ба Ӯзбекистон миқдори зиёди кумакҳо додааст ва ҳақ дорад интизори бозгашти "сармоягузориҳо" -и худ бошад.
Дар ҳолати зарурӣ иншооти низомии хориҷиро метавон ҳамчун маркази омӯзишӣ ё логистикӣ номид. Дар ҳоле, ки ҳузури пойгоҳҳои Пентагон дар Осиёи Марказӣ харобовар аст, инро даҳсолаҳои ҷангҳои даҳшатбор дар Афғонистон, Ироқ ва Сурия собит кардаанд.
Кӯчонидани фурудгоҳҳои низомӣ ва дигар иншооти амрикоӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ё Қирғизистон мантиқи ҷанг дар Афғонистонро тағйир намедиҳад ва таҳдид мекунад, ки низоми мавҷудаи амниятии минтақавӣ хароб шавад. Агар Пентагон ва муттаҳидони НАТО дар тӯли 20 сол натавонистанд дар ҷанг бо Толибон* мустақиман дар қаламрави Афғонистон муваффақ шаванд, пас аз "кӯчонидани" -и нерӯҳои амрикоӣ ба Осиёи Марказӣ чизе тағйир нахоҳад ёфт.
Шояд Афғонистон танҳо баҳонаест барои мондан дар минтақа. Баҳонае барои "нигоҳ доштани" Русия ва Чин - чунин сиёсат барои кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд хатарнок мебошад.
"Мамнӯъ"-и дар қонуни асосӣ ва мавқеи СПАД ба таври возеҳ ба иҷрои нақшаҳои Пентагон дар Ӯзбекистон халал мерасонад, аммо боз ҳам шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон метавонад ба як минтақаи созишҳои низомиву сиёсиро табдил диҳад. Дар баробари ин, Вашингтон бояд аввал оҳанги муколамаро бо Маскав тағйир диҳад. Стратегия ва мафҳумҳои муқовиматро ислоҳ кунад.
* - як гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Русия мамнӯъ аст.