ДУШАНБЕ, 15 авг – Sputnik. Аҳмадшоҳ Балхӣ, яке аз наздикони Устод Ато, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, раҳбарони Ҷамъияти исломӣ ва Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон қарор доранд ва бо роҳбарияти ин кишвар мавзӯи ҷобаҷоии нерӯҳои ду ҷониб дар қаламрави ин кишварро баррасӣ мекунанд.
“Ин нерӯҳо, ки тақрибан 5 ҳазор нафарро ташкил мекунад, тариқи пули “Дӯстӣ”, миёни шаҳраки Ҳайратони Афғонистону Тирмизи Ӯзбекистон, ба қаламрави Ӯзбекистон шаби гузашта ба ин сӯ гузаштан мехоҳанд”, - гуфт ӯ.
Феълан, Ҳукумати Ӯзбекистон ба нерӯҳо иҷозаи гузаштанро надодааст.
Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, бегоҳии дирӯз ба тасарруфи Толибон даромад. Манобеъи Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, вуруди ҷангиёни толиб ба ин шаҳрҳо дар ҳоле муяссар шуд, ки Забеҳуллоҳ Муманд, фармондеҳи сипоҳи 209 – и “Шоҳин”, ки дар хати аввали набард дар ин шаҳрҳо қарор дошт, фармони раҳо кардани майдони ҷангро дод.
“На фақат Мазори Шариф, балки шаҳри Маймана ва шаҳраки бандари тиҷоратии Оқинаро низ ин нерӯҳо раҳо карданд ва нерӯҳои маршал Дӯстуму Устод Аторо дар ҳоли ногувор қарор доданд. “Толибон” дари тамоми маҳбасҳо дар ин шаҳрҳоро боз карда, дар биноҳои маъмурӣ мустақар шуданд”, - гуфт яке аз ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, Устод Ато Муҳаммади Нур зимни як муроҷиат ба мардуми вилояти Балх эълом дошт, ки дар як тавтиаи бузургу созмонёфта ва ноҷавонмардона тамомии имконоти ҳукуматӣ ва нерӯҳои давлатӣ ба Толибон таслим дода шудааст.
“Доманаи ин тавтиа ба ҳадде бузург ва амиқ буд, ки мехостанд маршал Абдурашид Дӯстум ва маро ҳам ба дом бияндозанд, ки муваффақ нашуданд. Маршал соҳиб Дӯстум, ман, волӣ, намояндагони мардумии Балх, раиси Шӯрои вилоятӣ ва сойири масъулин дар маҳалли масъун ҳастанд”, - гуфт Устод Ато.
Устод Ато гуфтааст, ба тафсилоти ин мавзуъ баъдтар хоҳад пардохт ва аз онҳое, ки дар муқовимати Балх саҳм доштан ва онро пуштибонӣ карданд, сипосгузорӣ кардааст. “Мардуми Балхро ба Худои бузург месупорам. Роҳи мо дар ин ҷо поён намеёбад”, - гуфт Устод Ато.
Бо суқути Мазори Шариф ва Маймана тамоми шимоли Афғонистон ба дасти “Толибон” афтод. Дар ҳоли ҳозир, дар умум 26 вилоят аз 34 вилояти Афғонистон таҳти сайтараи ин гуруҳи тундрав қарор гирифтаанд.