ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Размикори шинохтаи тоҷик Лоиқ Раҷабов, дар мусобиқаи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта PFL Алекс Мартинес, ҳарифи парагваияшро мағлуб кард.
Набарди Лоиқ Раҷабов дар доираи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта PFL шоми 13-уми август дар Амрико баргузор шуд.
Рақобат миёни Раҷабов ва Мартинес аз сабқати муҳими шом буд.
Варзишкори тоҷик бо қарори якдилонаи доварон ҳарифи худро бо ҳисоби (30-27, 30-27, 29-28) мағлуб кард.
Ёдрас мешавем, ки варзишкори тоҷик дар рақобати қаблияш бо Алекс Мартинеси парагвайӣ дидор кард, ки доварон бо натиҷаи холҳо пирӯзиро ба Мартинес доданд.
Варзишкори тоҷик ва тимаш аз ин баҳои ҳакамон изҳори норозигӣ карда буданд.
Раҷабов бо лақаби "Jaguar Paw” ҳамакнун 15 ғалаба — 3 бохт ва 1 мусовӣ дорад.
Ӯ дар Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта - PFL ҳафтумин рақобаташро гузаронда, то ҳол , 3 ғалаба, 3 бохт ва 1 мусовӣ ба даст овард.