ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ато Муҳаммади Нур, ки дар ҳамоиши чеҳраҳои шинохтаи шимоли Афғонистон фармондеҳи басиҷҳои мардумӣ интихоб шуд, аз ҳамлаи Толибон* ба камарбанди дифоии Мазори Шариф хабар дод.
Ба иттилои ӯ, ҳамла баъди зуҳри рӯзи шанбеи 14 август рух додаст, аммо бо истодагарии нерӯҳои мардумию ҳукуматӣ минтақа дубора тасфия шуд. Ато Муҳаммади Нур таъкид кард, ки ин ҷанг аст ва пасу пешрафт дорад.
Ӯ бори дигар пойбандияшро аҳди кардааш таъкид намудаст.
Ато Муҳаммади Нур, ки дар ҳамоиши чеҳраҳои шинохтаи шимоли Афғонистон фармондеҳи басиҷҳои мардумӣ интихоб гардид, аз таъсиси марказҳои сабти ихтиёриён барои муқовимат алайҳи Толибон* хабар дод.
Барои сарҷамъии тамоми нерӯҳо алайҳи адӯи мардуми афғон ва ҳифзи қисматҳои шимоли кишвар созиш шуд, изҳор дошт ӯ дар ҷамъбасти маҷлис.
Маршал Дӯстум низ дар пайи ҳамоиши фармондеҳони шимоли Афғонистон изҳор доштааст, ки бо баҳои хун ҳам агар бошад бояд Балхро ҳифз кард. Ӯ гуфтааст, ки дар марҳилаи кунунӣ агар ба хиёнат роҳ диҳанд, барои ҳамеша дар хотири насли оянда хоин хоҳанд монд.
Ин дар ҳолест, ки бар гузоришҳои ахир қисмати шимолу шимоли шарқи Афғонистон ба дасти Толибон* гузашта, музофоти Панҷшер ва шаҳри Мазори Шариф аз ангуштшумор минтақаҳои калидии қисмати шимол мебошанд, ки Толибон* дар он ҳанӯз қудрат надоранд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар