Яке аз роҳбарони собиқадор дар Хатлон даргузашт: аз коронавирус азият мекашид

Бобоҷон Пираков, яке аз роҳбарони собиқадори вилояти Хатлон дар синни 76-солагӣ даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Иллати даргузашти Бобоҷон Пираков, яке аз сохтмончиёни шинохтаи Хатлонзамин пайомадҳои маризии коронавирус арзёбӣ мешавад.
Раҷаби Мирзо рӯзноманигори шинохтаи тоҷик хабар додааст, ки маросими видоъ бо Пираков нисфирӯзи 13 август дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.
Пираков дар гузашта дар мақоми ноиби раиси шаҳри Кӯлоб ва вилояти Хатлон кор карда, дар маҷмуъ беш аз 20 сол мақомҳои роҳбариро дар ҷануби ҷумҳурӣ мекардааст.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Даргузашти генерал Атобек Имомёрбеков аз коронавирус
Дар муаррифиномаи Бобоҷон Пираков омадааст, ки ӯ бештар дар умраш ба корҳои созандагию ободкорӣ машғул будааст.
Таъкид шудааст, ки марҳум яке аз поягузорони иншооти обтаъминкунӣ ва сохтмон дар ҳудуди собиқ вилояти Кӯлоб ҳозира Хатлон мебошад.
Пираков то баромаданаш ба нафақа дар мақомҳои гуногун - раиси колхози ба номи ноҳияи Синои Восеъ, мудири кулли "Кӯлобдеҳсохтмон", ноиби раиси шаҳри Кӯлоб оид ба сохтмон, ҷонишини раиси вилояти Хатлон, мудири барномаи барқарорсозии хонаҳо ва дигар вазифаҳо фаъолият доштааст.