ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Давохон Минапол, раиси маркази расонаҳои ҳукматӣ дар як ҳамла аз сӯи шахсони мусаллаҳ дар шаҳри Кобул кушта шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории TOLOnews.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамла имрӯз баъд аз зуҳри дар минтақаи роҳи Доруламани Кобул сурат гирифтааст.
Давохон Минапол пеш аз он, ки раиси маркази расонаҳои ҳукматӣ интихоб шавад солҳо ба ҳайси сухангӯи расиҷумҳур кор карда буд.
Ӯ пеш аз оғоз ба кор дар ҳукумат ба ҳайси хабарнигор кор мекард.
Толибон* масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд.
Ҷангҷӯёни Толибон* дар чанд моҳи ахир дар қаламрави Афғонистон чандин рӯзноманигору шахсони намоёни ин кишварро террору ба қатл расонданд.
Ёдовар мешавем, ки муқовимати нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон* дар Афғонистон идома дорад. Бо нерӯи нав ҷангҷӯён дар моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз кишвар пурзӯр шуданд.
Артиши Афғонистон талош дорад, ҳамлаи ҷангҷӯёнро ҷилавгирӣ кунад, аммо тибқи маълумоти расмӣ, аз 398 минтақа беш аз 200 тоаш таҳти назорати Толибон* қарор гирифтаанд.
Хусусан задухӯрдҳои шадид дар марз бо Тоҷикистон, Эрон ва Туркманистон рух медиҳанд.
Эзоҳ: Толибон* - ташкилоти террористие, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст.