ДУШАНБЕ, 3 авг - Sputnik, Никита Чикунов. Дар ҷануб ва ғарби Афғонистон даргириҳои шадид байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон * идома доранд. Вазъият дар ҷумҳурӣ, сарфи назар аз ваъдаи Толибон* барои вайрон накардани сарҳади кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамсоягонро бештар нигарон карда истодааст.
Оё ба чунин ваъдаҳо бовар кардан мумкин аст? Дар ин бора ба Sputnik, шореҳи сиёсии Ширкати умумирусиягии телевизион ва радио, Андрей Медведев изҳори назар кард.
Ваъдаи қатъӣ
Изҳороти дафтари сиёсии Толибон* дар бораи вайрон накардани сарҳадҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОА) кафолати саддарсадӣ буда наметавонад, гуфт Андрей Медведев, шореҳи сиёсии Ширкати умумирусияги телевизион ва радио – “ВГТРК”.
"Мо дар бораи нақшаҳои Толибон* чизе намедонем: онҳо дар ҳудуди Афғонистон мемонанд ё нуфузи худро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ паҳн мекунанд. Бале, онҳо ваъда доданд, ки аз ҳадди ҷумҳурӣ берун намеоянд. Аммо ин Шарқ аст: имрӯз ваъда доду фардо фикрашро дигар кард", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо Sputnik.
Агар ҷангҷӯён дар марз бо Тоҷикистон ё Ӯзбекистон ҷанг сар кунанд, пас Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мушкилоти хеле ҷиддӣ рӯбарӯ мешаванд, мӯътақид аст Андрей Медведев.
Ба гуфтаи коршинос, шиддати вазъ дар Афғонистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатари афзоиши терроризму буҳрони муҳоҷират дар пай дорад. Аллакай, Тоҷикистон, ки бо ҷумҳурӣ ҳамсарҳад аст, маҷбур шуд ба сохтмони урдугоҳ барои паноҳандагони афғон шурӯъ кунад, ки шумораи онҳо дар моҳи июл аз ҳазор нафар бештар буд.
Муваффақиятҳои ноустувор
Нигаронии бозигарони асосии минтақа гузоришҳои зиддунақиз дар бораи амалиёти ҷангӣ дар Афғонистонро афзоиш додааст. Гоҳ-гоҳе нерӯҳои ҳукуматӣ дар бораи муваффақиятҳои худ дар мубориза бо Толибон* гузориш медиҳанд.
Дар охири моҳи июл волии музофоти Ҳирот дар ғарби мамлакат эълон кард, ки вай ҳуҷуми толибонро* бо муваффакият зада гардонд. Ба гуфтаи ин мақомдор, ҷангҷӯён тақрибан 150 нафарро талаф дода, маҷбур шуданд, ки ақибнишинӣ кунанд.
Аммо, набояд ба ин гуна паёмҳо комилан эътимод кард, муътақид аст Андрей Медведев. Ҷанги муосир танҳо бо амалиёти низомӣ маҳдуд намешавад, рақобат дар соҳаи иттилоот низ шадид аст. Ҳукумат низ мисли Толибон*, аксар вақт муваффақиятҳои худро аз будаш зиёд нишон медиҳад, тавзеҳ дод коршинос.
"Ҳама дар бораи муваффақиятҳо дар Афғонистон гузориш медиҳанд: ҳам нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҳам Толибон*. Аз рӯи харитаҳои аз сарчашмаҳои гуногун гирифташуда, қаламравҳои таҳти назорати Толибон * ҳоло ҳам аз он минтақаҳои таҳти назорати Кобули расмӣ калонтаранд (ба гуфтаи Толибон, онҳо то 80% қаламрави кишварро назорат мекунанд - идора.)", - мегӯяд ӯ.
Нерӯҳои ҳукуматӣ то ҳол қисмҳое доранд, ки барои мубориза бо ҷангҷӯён ба муддати тӯлонӣ ҳавасманданд. Онҳо ба як табақаи хурди афсарони аз 30 то 40 - сола асос ёфтаанд, ки мехоҳанд Афғонистонро як кишвари мустақил ва нисбатан қавӣ дар минтақа бубинанд, изҳор дошт Медведев.
Дар зимн, Толибон* низ назар ба пештара ҳоло дидаву дониста амал карданро оғоз карданд. Онҳо диққати худро ба ҷанги иқтисодӣ равона кардаанд ва ҳамла ба инфрасохтори муҳим ба монанди хатҳои барқро афзалтар медонанд. Масалан, рӯзи 27 июл ҷангҷӯён пояҳои хатти интиқоли нерӯи барқро дар вилояти Бағлон таркониданд ва Кобул ва нуқтаҳои аҳолинишини наздики он бе барқ монданд. Дар баробари ин, созмон кӯшиш мекунад, ки аз аҳолии маҳаллӣ пуштибонӣ карда, зӯриро бо ваъдаҳое иваз карданд, қайд мекунад коршинос. Ба ҷои сиёсати терроризм, Толибон* вазифаҳои иҷтимоиро ҳарчи бештар ба дӯш гирифта истодаанд.
"Толибон* худро ба таври дигар ҷилва дода истодаанд - ҳамчун як навъ қудрати алтернативӣ. Ҳоло дар расонаҳои марбути онҳо видеоҳои хеле кам дар бораи дастовардҳои низомӣ мавҷуданд. Онҳо аксар вақт як навъ"ҳисобот" – ро ба навор мегиранд. Аз қабили раҳбари Толибони* ин ноҳия сохтмони роҳҳоро назорат мекунад, бо шикоятҳои сокинони маҳаллӣ сарукор доранд. Толибон* худро хоҷагидороне вонамуд карда истодаанд, ки омодаанд масъулияти ҳаёти ҳаррӯза ва зиндагии мардуми одиро ба ӯҳда гиранд", - хулоса мекунад манбаи Sputnik.
* – созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар