Коронавирус ҷаласаи генералии кумитаҳои олимпиро аз Сеул ба Афина кӯчонд

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, макони ҷаласаи генералии Кумитаҳои миллии олимпӣ, ба далели коронавирус тағйир ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ – ANOC, ки интизор мерафт, ассамблеяи генералии худро моҳи октябри имсол дар Сеул баргузор кунад, макони ҳамоишро тағйир дод.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, макони нави баргузории ассамблеяи генералӣ Афина интихоб шудааст. Ин тасмим дар доираи ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ANOC, ки ахиран дар ҳошияи Бозиҳои олимпӣ дар Токио баргузор шуд, қабул гардид.
Макони баргузории Бозиҳои олимпӣ - 2032 муайян шуд
“Интизор мерафт, ин чорабинӣ, ки аз соли гузашта бо сабаби пандемия мавқуф гузошта шуда буд, аз пойтахти Кореяи Ҷанубӣ кӯчонида шавад, зеро ин кишвар бо COVID-19, хусусан варианти интиқолёфтаи Delta мубориза мебарад”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, Афина пас аз он ки моҳи июни соли ҷорӣ Ассамблеяи генералии Кумитаҳои олимпии Аврупоро баргузор кард, ҳамчун макони имконпазири ҳамоиш арзёбӣ шуд.
Дар байни мавзуъҳое, ки дар Ассамблеяи генералӣ муҳокима карда мешаванд, раванди дархост барои Бозиҳои ҷаҳонии соҳилии ANOC хоҳад буд. Як қатор кумитаҳои миллии олимпӣ, аллакай пас аз муваффақияти нашри аввал дар Доҳа хостори баргузории бозиҳо шудаанд, таъкид намудаст Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.