ДУШАНБЕ, 28 июл - Sputnik. Русия омода аст, ба Тоҷикистон дар робита ба вазъи Афғонистон ҳар кумаки лозимро ироа намояд, изҳор дошт Сергей Шойгу.
Ба гуфтаи вазири дифои Русия, феълан кумакҳои иловагии силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ барои Тоҷикистон ироа шудааст.
Инчунин Русия таълими низомиёни Тоҷикистонро идома хоҳад дод, таъкид намуд Шойгу дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикистонияш Шералӣ Мирзо.
Ӯ афзуд, ки бозомӯзии низомиёни тоҷик дар муассисаҳои олии ҳарбии Русия ва пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон амалӣ хоҳад шуд.
“Барои таҳкими иқтидори ҷангии пойгоҳи низомиямон дар Тоҷикистон ва дақиқсозии нақшаи муштараки пас гардондани ҳамлаҳои эҳтимолии ҷангиён, таваҷҷуҳи зиёд медиҳем”, - илова намуд вазириф дифои Русия дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикистонияш.
Ӯ таъкид намуд, ки ҷониби Русия омода аст, “ҳар кумаки зарурӣ барои дастгирии дӯстони тоҷикистониро ироа намояд”.
Маврид ба зикр аст, ки Сергей Шойгу барои иштирок дар ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
Дар ҷаласа ҳайатҳои низомӣ аз Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва инчунин Белорус ҳамчун як кишвари нозир дар СҲШ ширкат мекунанд.