ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ҷангҷӯёни ҷунбиши Толибон* манораҳои интиқоли барқро дар вилояти Бағлон тарконда, Кобул ва қаламравҳои атрофи онро бе барқ монданд.
Дар ин бора оҷонсии Интерфакс бо такя ба ширкати миллии энержии Афғонистон "Брешна" хабар медиҳад.
Хатҳои интиқоли барқ дар деҳаи Келагайи вилояти Бағлон тахриб шуданд ва ҳамакнун интиқоли неруи барқ ба Кобул қатъ гардид.
"Кормандони техникии ширкат мекӯшанд, ки мушкилотро ҳал кунанд ва интиқоли неруи барқро ба пойтахту вилоятҳои атрофи он барқарор кунанд", - омадааст дар изҳороти ин ниҳод.
Қобили зикр аст, ки Афғонистон нерӯи барқи истеҳсоли ватанӣ надорад ва кишвар эҳтиёҷоти худро тавассути харид аз кишварҳои ҳамсоя: Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон бароварда мекунад.
Дар ҳамин ҳол, тахриби хатҳои барқ як тактикаи маъруфи муборизаи террористон дар ҷараёни даргириҳои низомӣ бо нерӯҳои ҳукуматӣ мебошад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Афғонистон