ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Паҳлавони шинохта Тоҷикистонро дар 32-юмин Бозиҳои олимпӣ дар вазни то 73 кило намояндагӣ мекунад.
Маҳмадбеков дар даври аввал намояндаи гурезаҳо Аҳмад Аликайро шикаст дод.
Дар даври 1/16-финал бошад, варзишкори тоҷик бар намояндаи Гамбия Файе Нжие дастболо шуд.
Сомонро дар даври 1/8-финал рақобат бо паҳлавони озарбойҷонӣ, ноибқаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016, Рустам Оруҷов интизор аст.
Ҳамзамон муштзани дигари тоҷик Баҳодур Усмонов низ пас аз пирӯзӣ бар ҳарифи доминиканияш Леонел Сантос Нунез ба даври баъдӣ роҳ ёфт.
Шаббос Негматуллоев бошад, дар дар нахустин дидораш аз варзишгари Чин Даксиан Ченг шикаст хӯрд.
Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ворид гардидаанд. 11324 нафар варзишгарон давоми 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо талош мекунанд.