ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ ба ҳамаи ширкаткунандагони мусобиқот ҳушдор додааст, ки дар ҳолатҳои "дағалона" вайрон кардани қоидаҳои пӯшидани ниқоб чора хоҳанд дид.
Ин изҳорот баъд аз он садо дод, ки бисёр варзишгарон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии Токио-2020 бе ниқоб дар варзишгоҳ ҳозир шуданд.
Ёдовар мешавем, ҳангоми гузашти дастаҳои мунтахаб, аксари ҳайати Тоҷикистон бо чеҳраи кушода аз майдон гузаштанд.
Чунин ҳолат бо иштирокчиёни Қирғизистон, ки парчамбардорҳо Каникей Кубаничбекова, Денис Петрашов ва Темур Раҳимов бидуни ниқоб гузаштанд.
Илова бар ин, ду парчамбардори Покистон, тирандоз Халил Ахтар ва бозигари бадминтон Маҳур Шаҳзод низ бидуни таҷҳизоти муҳофизӣ дида шуданд.
Директори иҷроияи КБО дар Бозиҳои олимпӣ Кристоф Дубӣ ваъда дод, ки чунин ҳолатҳо дар оянда беҷазо нахоҳанд монд.
"Бисёр муҳим аст, ки мо мардумро дар бораи аҳамияти риояи қоидаҳои фосилаи иҷтимоӣ, истифодаи гелҳои дастӣ ва ниқобпӯшӣ огоҳ кунем. Агар шумо қонуншикании шадид дошта бошед, ки комилан ғайриқобили қабул аст, мо ҳатман чора мебинем", - таъкид кардааст, Дубӣ.
Тибқи қоидаҳо дар замони пандемияи коронавирус, варзишгарон вазифадоранд, ки "ба истиснои тамринҳо, мусобиқаҳо, хӯрокхӯрӣ, нӯшидан ва ё ҳангоми мусоҳиба "ҳамеша" ва "дар ҳама ҷойҳо" ниқоб пӯшанд.
Ба варзишгарон иҷозат дода мешавад, ки ниқобҳояшонро дар беруни бино, вақте ки онҳо аз дигарон дар масофаи ду метр дуртаранд, ҳамчун чораи зидди гармӣ бигиранд.