Номзадҳо ба мақоми президентӣ дар Ӯзбекистон бо ҳам мубоҳиса мекунанд

Барои он ки маъракаи интихоботӣ то ҳадди имкон шаффоф сурат гирад, Комиссияи марказии интихобот бо ВАО меморандум имзо кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Дар давоми маъракаи интихобот, номзадҳо ба мақоми президентии Ӯзбекистон дар мубоҳисаҳо вомехӯранд.
Дар ин бора узви доимии Комиссияи марказии интихоботӣ Баҳодирҷон Юнусов ба хабарнигори Sputnik Ӯзбекистон хабар додааст.
Ба гуфти ӯ, мубоҳисаҳо монанди дебатҳои интихоботи парлумонии соли 2019 ташкил карда мешаванд.
Барои ин ҳама чиз мавҷуд аст, аз ҷумла шароити ҳуқуқӣ. Бо мақсади то ҳадди имкон кушоду равшан баргузор шудани маърака бо ВАО ёддошт ба имзо расид.
Пас аз он, ки ҳизбҳои сиёсӣ номзадҳоро барои интихобот муайян карда, пешниҳод менамоянд, дар бораи шароити мубоҳисаҳо муфассалтар сӯҳбат кардан имконпазир хоҳад шуд.
Санаи дақиқи интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон эълон шуд
Аммо аллакай маълум аст, ки ҳар як номзад имкон дорад дар ВАО - дар телевизион, радио баромад кунад - ин дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар карда шудааст.
Хотиррасон мекунем, ки маъракаи интихоботӣ дар Ӯзбекистон 23 июл оғоз ёфт. Маркази матбуот ва шӯъбаҳои ҳудудии Комиссияи марказии интихоботӣ таъсис дода шуданд ва оинномаи марказ тасдиқ гардид.