Миллионҳо: хисороти Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ маълум шуд

Давоми ним сол дар Тоҷикистон тақрибан 300 офати табиӣ рух дод, ки ҷони 23 нафарро гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Офатҳои табиӣ, аз моҳи январ то моҳи июли соли равон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 111 миллион сомонӣ (9,7 миллион доллар) зарари моддӣ расонданд.
Дар ин бора кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд.
Ин ниҳод қайд кард, ки дар шаш моҳи аввали соли 2021 дар кишвар 299 офати табиӣ ба қайд гирифта шуд. Дар паи ин офатҳо 23 нафар ҷон аз даст дод.
Дар натиҷаи фаромадани сел нӯҳ сокини кишвар ҳалок шуда, ҳафт тан зери тарма монданд. Панҷ нафари дигар бар асари ярч ва ду каси дигар аз сангрезӣ ҷони худро аз даст додаанд.
КҲФ омори ғарқшудаҳо ва фавтидаҳо аз офати табииро гуфт: зиёд шудааст
КҲФ таъкид кард, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда 337 бинои истиқоматӣ осеб дида, 140 хона пурра хароб шуданд.
Ғайр аз ин, офатҳо ба ҳашт муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 42 пул ва 213 километр роҳ зарар расонданд.
Кариб 40 ходисаи нохуши табий ба хоҷагии халқ зарари моддй расонд.
Ҳамин тариқ, тақрибан 3500 гектар майдони кишт хароб шуд.
Намояндагони КҲФ, гуфтанд, ки ба зарардидагони офатҳои табиӣ кумак расонида шудааст: ба онҳо масолеҳи сохтмонӣ, хӯрокворӣ ва ашёи рӯзгор тақдим карда шуд.
Маълум шуд, кай оилаҳои осебдида аз сел дар Тоҷикистон ба хонаҳои нав медароянд
Кумита қайд кард, ки сарфи назар аз баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ ва санҷишӣ, мардум оббозӣ кардан дар ҷойҳои мамнӯро идома медиҳанд.
Бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар Тоҷикистон, 69 нафар сокинон дар шаш моҳи соли 2021 ғарқ шуданд.
Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 - 35 нафар бештар аст. Тибқи иттилои КҲФ, асосан, кӯдакони аз 11 то 17-сола ва бузургсолони то 35-сола ғарқ мешаванд.