Сӯҳбати ошкорои Юлдуз: фирор аз Ватан, пешхизматӣ ва "хуни тоҷикӣ"-ю духтархондӣ бо Шабнам

Юлдуз Усмонова, ҳанарманди номӣ бори нахуст аз он пайвандҳои ногусастание, ки бо Тоҷикистон дорад, гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Юлдуз Усмонова, ҳунаранди мардумии Ӯзбекистон, ки дар Тоҷикистон низ шӯҳраташ кам нест, дар мусоҳибаи ихтисосӣ дар барномаи "Ҳунар"-и телевизиони Душанбе сӯҳбати ошкорою самимие анҷом додааст.
Овозхони номӣ дар ин мусоҳиба аз ҳунарнамоиҳояш дар Аврупову Туркия, ки ба қавлаш "тарки Ватан бо хост ва талаби дигарон буд", омилҳои шӯҳраташ, мушкилиҳои роҳи ҳунараш - пешхидматӣ ва сипас ҷаримасупорӣ дар Аврупо, вакилӣ дар Ӯзбекистон ва "хуни тоҷикӣ"-и духтараш Нилуфар Усмонова ва ҳамкориҳову наздикиҳояш бо ҳунармандони тоҷику таронаҳои тоҷикиаш гуфтааст.
Сӯҳбати Юлдуз Усмонова бо расонаҳои расмии Тоҷикистон дар ҳошияи барномаи "Шоми дӯстӣ" моҳи июн анҷом ёфтааст, ки замони сафари расмии раисҷумҳури кишвар Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузор шуда буд, аммо онро ба наздикӣ дар телевизион намоиш доданд.
- Чаро шумо дар консерти "Шоми дустӣ" таронаи "Биё ҷонам"-ро сароидед? Ҳама интизор буданд, ки суруди "Як лаҳзае"-ро месароед.
- Ин чорабинии давлатӣ аст ва мо сурудро интихоб намекунем. Чорабиниҳои байни кишварҳо ва махсусан бо иштироки сарони давлатҳо бояд мувофиқашуда бошад ва мо бо интихоби масъулон сурудро иҷро мекунем.
- Баъзе касон мегӯянд, ки таронаи "Биё ҷонам" ва "Намекунӣ" дар Тоҷикистон сабт шудааст.
- Барои сабти килип-тарона дар Тоҷикистон ба мо ҳоло имконият даст надод. Гарчӣ, боре барои он кӯшиш намуда будем.
- Шумо дар яке аз баромадҳои худ гуфтед, ки "Танҳо манам"- қисми дувуми "Санамгина" аст.
- "Санамгина"-ро иҷро кардам, ки мардум хуб қабул карданд. Фикр кардам, ки чунин усули иҷро ба мардуми тоҷик хуш меояд. Барои мухлисон онро "Санамгина - 2" гузоштем, зеро ҳарчанд забонҳои мо гуногунанд, урфу одатҳо яканд, фарҳангу тамаддун яканд.

Модарам замоне таваллуд шуд, ки бобоям дар Тоҷикистон буд

- Тоҷикистонро чигуна барои худ кашф кардед?
- Аз солҳои 80 - 90-ум сар карда, ман ба ин кишвари бароям азиз пайваста сафар мекунам. Ҳатто солҳои 90-ум, ки дар Тоҷикистон вазъ чандон ором набуд, бовуҷуди мушкилиҳо ба шаҳрҳои Бохтару Турсунзода сафарҳои ҳунарӣ мекардем. Агар дар соҳои 80-90-ум дар Ӯзбекистон бо барномае баромад мекардем, ана ҳамин барномаро дар Тоҷикистон низ мегузоштем.
Сурудхонии вазири ӯзбек дар бораи дӯстӣ бо тоҷикон сертамошобин шуд – видео
Мардум табиаташро дӯст медорам. Душанбе бароям шаҳри бегона нест. Падари модарам - бобоям , ки фарзандонаш пайиҳам вафот мекардаанд, барои фаъолият ба Тоҷикистон омада будааст, баъдан ба ӯ хабар мерасонанд, ки соҳиби духтарча шудаӣ, пасон бобоям бармегардад. Модарам Раҳимахон ном дорад. Аслан номашон Тӯхтахон мебошад, ки маънои Истадро дорад. Шояд бо ҳамин сабаб бошад, ки ман ба мардуми тоҷик самимяти хос дорам.

Агар ба санъати худ арҷ гузорем, баъдан дигарон онро эҳтиром мекунанд

- Омили шӯҳрати Шумо дар Аврупо чӣ буд?
-Баъзеҳо фикр мекунанд, ки агар ба хориҷа равам, ҳамаро ба ҳайрат мегузорам. Аммо бояд фаромӯш накард, ки чуноне дар урфият мегӯянд, хурӯс дар ҳама ҷо як хел чеғ мезанад. Шӯҳрат дар як рӯз омаданаш мумкин, аммо нигоҳ доштани он мушкил аст.

Вақте нахуст ба Аврупо рафтам, ба сифати пешхизмат кор мекардам. Ҳамон замонҳо дар Аврупо моро продюсерон пайдо карданд ва барои сабти сурудҳо, намоҳангҳо ва консертҳо бо ман қарордодҳо бастанд, ки минбаъд бароям муваффақиятҳои зиёде овард.

Аввалҳо дар Аврупо барои 25 нафар консерт мегузоштам, дар 7 соли фаъолият дар Аврупо шумораи мухлисонро то ба 70 ҳазор нафар расонида, консертҳои худро дар саҳнаҳои бузург доир мекардем.
Овозхон сурудашро бояд бо забони худ ба хориҷиҳо шунавонад - мо агар ба санъати худ арҷ гузорем, баъдан дигарон онро эҳтиром мекунанд. Баъзеҳо ба хориҷ мераванду аз миллати худ фаромӯш мекунанд.
Дар хонаи ман мизу курсиҳои муосир зиёд , аммо нишастан дар кӯрпачаро аъло медонам. Шояд муваффақияти ман низ дар ҳамин бошад - арҷгузорӣ ба миллату фарҳанги хеш. Агарчӣ миллати ман нимуйғур бошад ҳам, дар сарзамини Ӯзбекистон камол ёфтаму маданити миллати худ - ӯзбекро омӯхта, санъати онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудам.
- Як фестивали ҳолландӣ буд дар Аврупо бо иштироки шумо, ки дар он ҷо ҳатто малика Беатрис ширкат варзид.
- Ҳоло ҳам таронаҳоямро баъзан гӯш мекардааст. Аз ҳунарманди дӯстдоштаи малика Беатрис шуданам, хушҳолам. Вақте ки аз Аврупо ба Ӯзбекистон баргаштам, маро вакили парлумон интихоб карданд ва дигар натавонистам, ки баргардам.

Аз ман ранҷида, шартномаҳоро қатъ карда буданд ва ҳатто рафта ҷаримаҳо супорида будам. Бароям ҳуҷҷати истиқомат тасдиқ шуда буд, ки аз ин бехабар будам. Мушкилиҳо зиёд шуда буд, барои ҳуқуқи муаллиф як миқдор пул ҷамъ шуда буд, ки замони истиқомат дар Туркия, рафта гирифтаму як қисмашро ба ҷаримаҳо супоридам.

Чунки дар чандин консертҳо бо сабаби вакил буданам иштирок кунам. Ҳоло имкон аст, боз ба Аврупо сафар кардаву дар асоси қарордод консерт ташкил кунам, аммо барои он ҳоло бояд моҳҳо ва солҳо дар он ҷо зиндагӣ ва кор кард, ки ин имкониятро надорам. Чунки дар ватани худ оилаам ҳаст, ман инҳоро гузошта рафта наметавонам.Санъат ҳамин аст, қурбониҳо мехоҳад.

Ман ҳам аз мушкилиҳо метарсам

- Аз мушкилиҳо наметарсед, чаро?
- Кӣ гуфт, ки ман аз мушкилӣ наметарсам, албатта метарсам. Мегӯянд, мушкилӣ, ки пеш омад, боз роҳи ҳалаш низ пайдо мешавад. Фақат аз он вобаста аст, ки онро кас чигуна қабул мекунад. Агар мушкилие пеш ояду хоби бароҳат равем, ҳеҷ гоҳ он ҳал намешавад. Ман мушкилиҳоямро ба дӯстонам мегӯям, ғубори диламро тоза мекунам ва баъд бароҳат хоб мекунам.
Пешвози гарми Шабнам дар Ӯзбекистон ва овозхонии зинда бо Юлдуз - навор
- Чанд албоми шумо дар Туркия низ машҳур гардид, баъзе таронаҳои туркиатон бештар аз 100 миллион тамошобин дорад дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
- Дар Туркия низ эҷодиётамон хуб буд, ҳамон замон пас аз баргаштан ба Ватан натавонистам боз ба Туркия равам. Ҳоло бошад имкон ҳаст, кай хоҳам меравам. Аз як ҷиҳат хуб ҳам шуд, зеро дар ватани худ тавонистам ба эҷод машғул шавам.
Замоне аз кишвар рафтанамро талаб карданд ва дар хориҷ аз мамлакат ба эҷодиёт машғул шуданам бо хоҳиши худам набуд. Ҳоло бошад дар кишвари худ лозим аст, ки эҷод намоям.
- Вақте бори нахуст пас аз баргаштан дар саҳнаи расмӣ баромад кардед, нафароне ҳам буданд, ки гиристанд.
- Сиву ҳафт сол мешавад, ки дар саҳнаи ҳунарӣ ҳастам, ва қисме аз он берун аз ватан гузашт. Мардум ҳам меандешанд, ки бо чунин маҳорат аз саҳна дар ватан дур мондам. Шояд барои ҳамин гиря карда бошанд.

Далер Назаров ҳунарманди асилу Шабнами Сурайё мисли духтарам аст

- Бо Далер Назаров дӯстии шумо аз солҳои қабл буд?
- Мо дар Аврупо бо Далер ҳамкорӣ доштем. Ҳунарманди дигар Олег Фейзов ҳам буд. Ман Далер Назаровро ҳамчун устоди санъат медонам. Ӯро дар кишвари мо низ ба хубӣ медонанд. Далер Назаров низ сурудашро сидқан мехонад. Сабкаш ба худаш хост аст. Баъзан ба духтарам низ мегӯям, ки мисли Далер Назаров мехонӣ ва бо ин сабк суруд хонданро идома деҳ.
- Таронаи "Ҷони ман"-ро, ки бо Муҳаммадрофеи Кароматулло сароидаед, чаро дар консерте ҳамсароӣ намекунед?
-Мо наметавонем ҳамдигарро бубинем. Дар Шоми дӯстӣ дидамаш. Муҳаммадрофеъ хело ба падараш, шодравон Кароматулло Қурбонов монандӣ дорад, духтараш низ хело зебост. Бигзор умри надидаи падарро фарзандон бубинанд. Хело заминӣ ва самимианд. Нақшаи якҷо тарона сурудан ҳаст, аммо онҳо низ ба Ӯзбекистон кам сафар мекунанд. Шабнами Сурайё ҳамин ки ташриф овард, занг мезанад, ба қавле мисли модару фарзанд низ шудаем.
Юлдуз Усмонова як таронаашро бо тарҷумаи тоҷикӣ ба духтараш тақдим кард
- Таронаи "Келади ёр"-ро дар шакли тоҷикӣ аз забони шумо интизор будем, вале духтаратон сароид.
- Ӯ самарқандӣ аст ва дар рагҳояш хуни тоҷикӣ ҷорист (механдад - идора), месароям гуфт, гуфтам бигзор чунин бошад. Агар ба як таронаам Шабнам хостгору ба дигараш Нилуфар бошанд, ман наметавонам ба онҳо рад кунам, чун ҳардуяшонро низ чун духтари худ қабул кардаам.
- Таронаи "Бебаҳо" хело дилнишин аст ва мухлисони тоҷикатон нусхаи тоҷикии ҳамин таронаро интизоранд
Барои мо пайдо кардани шоироне ки бароямон бо забони тоҷикӣ нависанд, каме мушкилтар аст. Нависед, равон кунед ва ҳатман мо иҷро мекунем. Агар забонро пурра медонистам, ман худам менавиштам.
- Дар бораи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ фикр доред?
- Ман фикр намекунам, орзу мекунам, ки дӯстии кишвар давомдор бошад. Забонамон дигар бошад ҳам урфу одам ва фарҳангамон шабеҳи ҳаманд. Қисме аз мардуми Ӯзбекистон бо забони тоҷикӣ ва қисме аз мардуми Тоҷикистон бо забони ӯзбекӣ ҳарф мезананд. Қудрату тавон дар якҷоягист. Солҳое, ки ба мушкилӣ ба кишвари ҳамдигар мерафтем, хуб дар ёдам ҳаст. Замонҳои пеш агар ба забони дигар суруд эҷод мекардем, бароямон мушкилӣ эҷод мешуд. Ҳоло бошад чунин монеаҳо нестанд. Бигзор дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон то абад бошад.
- Саломат бошед, ташаккур барои сӯҳбат.
-Ба шумо низ ташаккур.